Талафоти зиёд бар асари заминҷунбӣ дар Чин Раҳмонро андуҳгин кардааст

© AP / Mark SchiefelbeinПредседатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине
Председатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба раҳбари Чин бинобар ҳалок шудани шаҳрвандони зиёди ин кишвар дар натиҷаи заминҷунбӣ паёми таслияти ирсол кардааст
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, раисҷумҳури кишвар дар паёми таслиятии худ навиштааст, ки хабари ҳалокати шумораи зиёди одамон бар асари заминҷунбӣ ӯро бисёр андуҳгин кардааст.
“Хабари ба ҳалокат расидани шумораи зиёди одамон дар Чин бар асари зилзилаи шадид боиси андӯҳи амиқи мо гардид”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон бо эҳсоси ҳамдардӣ аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худаш ба раҳбари Чин, наздикону пайвандони қурбониён ва тамоми мардуми ин кишва тасаллиёти самимӣ иброз кардааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Умеди Раҳмон ба марҳилаи ҷадиди равобит бо Бритониё дар аҳди Трасс
“Ба ҳамаи осебдидагон аз ин офати табиӣ шифои комил мехоҳам”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар вилояти Сичуани Чин заминҷунбии 6,8 балла рух дод, ки дар он бино бар маълумоти ахир 74 нафар ба ҳалокат расида, 26 нафари дигар беномунишон гаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, аз вилояти мухтори Гантсзи-тибет хабар дода шудааст, ки бар асари заминҷунбӣ 40 нафар ба ҳалокат расида беш аз 170 нафари дигар осеб дидааст.
Лентаи хабарҳо
0