Путин дар Форуми иқтисодии шарқӣ чӣ гуфт?

Обуна шудан
Раҳбари Русия ба вазъи кунунии иқтисодиёт ва сиёсати ҷаҳонӣ ба таври муфассал баҳо медиҳаду аз дигаргуниҳои амиқ ва бунёдӣ суҳбат мекунад
Президенти Русия Владимир Путин дар рӯзи асосии Форуми иқтисодии шарқӣ, дар ҷаласаи пленарӣ ширкат меварзад. Инчунин дар доираи ин чорабинӣ як қатор мулоқотҳои байналмилалӣ низ сурат мегиранд.
Анҷумани мазкур таҳти шиори "Ба сӯи ҷаҳони бисёрқутбӣ" сурат гирифта, Путин дар суханронии ҳуд таъкиди асосӣ ба кӯчонидани маркази фаъолияти соҳибкорӣ аз Ғарб ба Шарқ мекунад.
Дар ҳошияи форум раисҷумҳури Русия чаҳор мулоқоти байналмилалӣ бо ҳамкорон аз Арманистон, Чин, Муғулистон ва Мянмор баргузор мекунад.
Ҳафтумин Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток аз 5 сентябр оғоз шуда, то 8-уми сентябр идома хоҳад дошт.
Форуми иқтисодии шарқӣ як майдони калидии байналмилалӣ барои эҷод ва таҳкими робитаҳо байни ҷомеаи сармоягузории Русия ва ҷаҳон арзёбӣ мешавад. Дар доираи он ҳамчунин баррасии коршиносона ва ҳамаҷонибаи зарфиятҳои иқтитисодии Шарқи Дури Русия сурат мегирад.
Форуми мазкур бо фармони президенти Русия аз 19 майи соли 2015 бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди Шарқи Дур ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таъсис дода шудаст.
Лентаи хабарҳо
0