Муаррифии зарфияти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Маскав

© Sputnik / Стас ЭтвешТаджикский текстиль на выставке "Сугд"
Таджикский текстиль на выставке Сугд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Обуна шудан
Нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон зарфияти нассоҷӣ ва дӯзандагии худро дар Намоишгоҳи байналмилалии Маскав ба намоиш мегузоранд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Зарфияти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалӣ “Текстиллегпром”, ки 6 сентябр дар шаҳри Маскав оғоз шуд, ба намоиш гузошта мешавад, иттилоъ додааст Маркази тиҷорати байналмилалӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи “Текстиллегпром”, ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад, нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ намояндагӣ мекунанд.
Ба Маскав корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии “Ваҳдат Текстил”, “KOTA Глобал”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Ноҳид”, “Oртекс”, “Раҳимов А. А.”, “Сифат Саноат” “ТoҷТекс” ва “ХИМА Текстил” мебошанд.
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Сафари намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Туркия
Гуфта шудааст, ки дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матои пахтагин ва либосворӣ дар доираи намоишгоҳ дар толори НКХХ то 9 сентябр ба намоиш гузошта мешаванд.
Беш аз даҳ сол аст, ки “Текстиллегпром” имкони хуберо фароҳам меорад, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ ба намоиш гузошта, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор карда, ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд.
Манбаъ хабар додааст, ки Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бори 14-ум аст, ки иштирок мекунад ва дар ин муддат ширкатҳои Тоҷикистон тавонистанд барои кишвар имиҷи манбаи маҳсулоти олисифати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ бисозанд.
Корхонаҳои Тоҷикистон маҳсулоти тайёр, ба монанди либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либосҳои варзишию махсус ва ғайраро ба намоиш мегузоранд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ вохӯрда, бо фанновариҳои замонавии дӯзандагӣ ва равандҳои нав дар ҷаҳони мӯд шинос мешавад.
Лентаи хабарҳо
0