Корвони мошинҳо бо кумакҳои башардӯстона аз Душанбе озими Покистон шуд - видео

© Sputnik / Павел Львов / Гузариш ба медиабонкДорожная сеть Амурской области
Дорожная сеть Амурской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Обуна шудан
Корвони мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона аз Тоҷикистон барои зарардидагони офати табиӣ дар Покистон ба роҳ баромадааст
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Беш аз 40 мошин бузурги боркаш бо кумакҳои башардӯстона аз Душанбе ба Покистон раҳсипор шуд.
Ба иттилои Ожонси захираҳои моддии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, даҳҳо худрави дигар ба ин корвон аз ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳанд пайваст.
Бо дастури президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагони офати табӣ дар Покистон дар ҳаҷми 3 ҳазор тонна, ба маблағи зиёда аз 12 млн сомонӣ кумаки башардӯстона фиристода мешавад.
Кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки то қаламрави Покистон кумаки ҷудогардидаи башардӯстонаро расонанд.
Дети в спутниковой антенне во время наводнения в Пакистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Покистон зери об: селу обхезӣ манзилҳои ҳазорҳо нафарро хароб кард – акс
Маврид ба зикр аст, ки феълан мардуми Покистонро бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардаст. Таъкид гардидаст, ки бар асари офатҳои табиӣ 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 млн нафар зарар дидаанд.
Ҳамчунин беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0