Раиси парлумон аз сокинон даъват кард, дар атрофи раисҷумҳур муттаҳид шаванд

© Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони ТоҷикистонРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Обуна шудан
Раиси парлумони Тоҷикистон мегӯяд, мардуми кишвар дар симои президент кафили ҳаёти осоиштаро мебинанд ва тақдири худро ба ӯ бовар кардаанд
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Имрӯзҳо Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ қарор дошта, мардуми он зиндагии босаодат доранд, мегӯяд Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва вусъат додани амалҳои созанда ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошанд.
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Зокирзода ба интихобкунандагон чӣ гуфт? Ҷалби 150 млрд сомонӣ аз хориҷу афзоиши даромад
Вай афзуд, ки дар шароити пуртазоду нобасомони ҷаҳони муосир ва бо дарназардошти эҳтимоли вуқӯи ҳолатҳои пешгўинашаванда маруди Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таъмини амнияти марзу буми Ватани аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бо дарки масъулият дар назди таърихи гузашта, зиндагии имрӯза ва тақдири наслҳои оянда дар атрофи Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳар вақти дигар муттаҳид шудаванд.
“Тамоми саъю талоши худро ба хотири бунёди давлати воқеан ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи пешрафта сафарбар созед”, муроҷиат кардааст раиси парлумон ба мардуми Тоҷикистон.
Ҳамзамон вай илова кардааст, ки мардуми Тоҷикистон хуб дарк мекунед, ки зиндагии осудаву ороми ҳар оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил ва иттиҳоду сарҷамъии ҳамаи мардуми кишвар имкон дорад.
Лентаи хабарҳо
0