Кадом кӯчаҳои Душанбе рӯзи 7-8 сентябр баста мешаванд?

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе аз баста шудани бархе аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт хабар дод. Маҳдудият ба хотири таҷлили Рӯзи истиқлол сурат мегирад
Шаҳрдории Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонидааст, ки 7-8 сентябри соли равон, аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ ва С. Носири пойтахт маҳдуд мегардад.
Маҳдудияти воситаи нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ки 8 сентябр бахшида ба он барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд, ҷорӣ карда мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар ин давра воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.
Раёсати БДА ВКД кишвар аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намоянд ва аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд
Лентаи хабарҳо
0