Ҷанги баҳрӣ бо “Калибр” дар размоиши “Шарқ-2022” – видео

Обуна шудан
Артиши Русия наворҳои партоби мушакҳои болдор ба ҳадафҳои баҳриро дар ҷараёни размоиши "Шарқ-2022" намоиш дод. Порчаи видеоӣ аз размоишро тамошо намоед
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки новчаи сабуки "Гремяший" нерӯҳои дарёии уқёнуси Ором ҳангоми размоиши “Шарқ-2022” як мушаки болдори "Калибр"-ро ба ҳадафи баҳрӣ дар баҳри Охотск партоб кард.
Вазорати дифоъ хабар додааст, ки ҳадаф дар масофаи бештар аз 300 километр бомуваффақият нобуд карда шуд.
Боздиди Путин аз размоиши "Шарқ - 2022"
Минтақае, ки дар он киштиҳои ҷангӣ машқ мекунанд, айни замон барои ҳамаи киштиҳои дигар баста шудааст, зиёда аз даҳ киштии нерӯҳои дарёии Русия ҳангоми машқҳо ҳудуди минтақаи машқро назорат мекунанд.
Рекорд ва ширкаткунандагони ҷадид дар тамриноти фармондеҳӣ ва ситодии "Шарқ-2022"
Новчаи сабуки "Гремящий" моҳи декабри соли 2020 ба Нерӯҳои дарёии Русия супурда шуд. Ин кишвти барои мубориза бо киштиҳои болообии ва киштиҳои зериобии душман, инчунин барои посбонӣ ва кумак нерӯҳои десантӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, ин "Гремящий" аввалин киштии флоти Уқёнуси Ороми Русия мебошад, ки бо мушакҳои “Калибр” муҷаҳаз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0