https://sputnik.tj/20220906/etoi-ordeni-dusti-du-tojiki-muqimi-rusiya-1051202014.html
Эътои ордени “Дӯстӣ” ба ду тоҷики муқими Русия
Эътои ордени “Дӯстӣ” ба ду тоҷики муқими Русия
Sputnik Тоҷикистон
Эътои орденҳои “Дӯстӣ” ба ду тоҷики муқими Русия дар ҷаласаи ахири Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, сурат гирифт
2022-09-06T17:10+0500
2022-09-06T17:10+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
сафорат
эътои ҷоизаҳо
орден
дӯстӣ
тоҷик
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/06/1051201521_0:67:2048:1219_1920x0_80_0_0_874853b2278f0ff5be3b6821358b85fb.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон Бобоҷон Шарифов, намояндаи Палатаи савдову саноати Русия дар Тоҷикистон ва Ахмедов Баҳром, табиби тоҷики муқими Русия бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.Тибқи иттилои манбаъ, эътои орденҳо дар доираи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифт.Ордени Дӯстӣ — ордени давлатии Тоҷикистон, ки бо он арбоби давлатию ҷамъиятӣ, ходими илму фарҳанг, адабиёту санъат ва дигар шахсон барои фаъолияти содиқона ва пурмаҳсул ҷиҳати таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои иҷтимоии он, барои саҳми арзандаи шахсӣ дар рушд ва афзунгардонии иқтидори маънавӣ ва зеҳнии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.Ёдовар мешавем, ки ахиран президенти кишвар боз ба як чеҳраи шинохтаи тоҷик мукофоти давлатӣ сарфароз гардонд.Гурез Сафар, шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.
дӯстӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/06/1051201521_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_c59c39bf511c6d7382cb7f1d76d698d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, орден, дӯстӣ, эъто, сафорат, сафир, русия, тоҷик
тоҷикистон, орден, дӯстӣ, эъто, сафорат, сафир, русия, тоҷик
Эътои ордени “Дӯстӣ” ба ду тоҷики муқими Русия
17:10 06.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Эътои орденҳои “Дӯстӣ” ба ду тоҷики муқими Русия дар ҷаласаи ахири Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон Бобоҷон Шарифов, намояндаи Палатаи савдову саноати Русия дар Тоҷикистон ва Ахмедов Баҳром, табиби тоҷики муқими Русия бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, эътои орденҳо дар доираи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ордени Дӯстӣ — ордени давлатии Тоҷикистон, ки бо он арбоби давлатию ҷамъиятӣ, ходими илму фарҳанг, адабиёту санъат ва дигар шахсон барои фаъолияти содиқона ва пурмаҳсул ҷиҳати таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои иҷтимоии он, барои саҳми арзандаи шахсӣ дар рушд ва афзунгардонии иқтидори маънавӣ ва зеҳнии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран президенти кишвар боз ба як чеҳраи шинохтаи тоҷик мукофоти давлатӣ сарфароз гардонд.
Гурез Сафар, шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.