https://sputnik.tj/20220905/vada-lavrov-tipendiya-tojikon-1051172413.html
Лавров: Русия Тоҷикистонро чун ҳампаймон қадр мекунад
Лавров: Русия Тоҷикистонро чун ҳампаймон қадр мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия аз таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши гуманитарӣ тавсиф карда, зиёд намудани стипендия барои довталабони тоҷикро ваъда дод
2022-09-05T17:30+0500
2022-09-05T17:30+0500
2022-09-05T18:11+0500
дар русия
сиёсат
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
сергей лавров
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/05/1051166664_23:538:2236:1783_1920x0_80_0_0_14409fb2660a0a5eef980e01e7bcea5d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Русия Тоҷикистонро ҳамчун дӯст, иттифоқчӣ ва шарики стратегӣ қадр мекунад. Ин нуктаро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин баён дошт. Лавров ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро як рӯйдоди муҳими таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба хонда, таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳуриро ба забони русӣ қобили дастгирӣ гуфт. Вай ҳамчунин зикр намуд, ки соли 2021 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон 45% афзоиш ёфтааст ва моҳҳои авали соли равон низ ҳудуди 20% зиёд шудаст. Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ аз таҳкими эътимоду дастгирии тарафайн миёни Тоҷикистону Русия тавсиф кард. Тайи 8 моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 миллиард доллар наздик шуд, ки беш аз 40% аз нишондоди соли гузашта зиёдтар аст, гуфт Муҳриддин. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки баргузории чунин мулоқоту музокирот барои таҳкими муносиботи Тоҷикистону Русия такони бештар хоҳад шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/05/1051166664_0:459:2119:2048_1920x0_80_0_0_2059d9996ec3e36023bb3b61fe289f41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавсиф, лавров, шарикӣ, тоҷикистон, русия
тавсиф, лавров, шарикӣ, тоҷикистон, русия
Лавров: Русия Тоҷикистонро чун ҳампаймон қадр мекунад
17:30 05.09.2022 (Навсозишуда: 18:11 05.09.2022) Вазири умури хориҷии Русия аз таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши гуманитарӣ тавсиф карда, зиёд намудани стипендия барои довталабони тоҷикро ваъда дод
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Русия Тоҷикистонро ҳамчун дӯст, иттифоқчӣ ва шарики стратегӣ қадр мекунад. Ин нуктаро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин баён дошт.
Лавров ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро як рӯйдоди муҳими таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба хонда, таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳуриро ба забони русӣ қобили дастгирӣ гуфт.
"Мо қабули донишҷӯёни Тоҷикистонро ба донишгоҳҳои Русия идома медиҳем ва инчунин стипендияи онҳоро афзоиш медиҳем", - гуфт вазир.
Вай ҳамчунин зикр намуд, ки соли 2021 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон 45% афзоиш ёфтааст ва моҳҳои авали соли равон низ ҳудуди 20% зиёд шудаст.
Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ аз таҳкими эътимоду дастгирии тарафайн миёни Тоҷикистону Русия тавсиф кард.
Тайи 8 моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 миллиард доллар наздик шуд, ки беш аз 40% аз нишондоди соли гузашта зиёдтар аст, гуфт Муҳриддин.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки баргузории чунин мулоқоту музокирот барои таҳкими муносиботи Тоҷикистону Русия такони бештар хоҳад шуд.