https://sputnik.tj/20220905/sarnavisht-vahmangez-zelenskiy-1051157842.html
Миёни ду оташ. Сарнавишти ваҳмангези Зеленский маълум шуд
Миёни ду оташ. Сарнавишти ваҳмангези Зеленский маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари Украина миёни ду оташ қарор гирифтаст. ИМА аз ӯ ҷангҷӯӣ талаб мекунаду Иттиҳоди Аврупо исрор ба ҳалли муноқиша бо роҳи осоишта дорад
2022-09-05T11:55+0500
2022-09-05T11:55+0500
2022-09-05T18:29+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
владимир зеленский
украина
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049185589_0:0:1043:586_1920x0_80_0_0_e178b67db09c0f7766fcd1fb0f6e37a1.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Раисҷумҳури феълии Украина Владимир Зеленскийро чун президенти ин пешини ин кишвар Пётр Порошенко сарнавишти "гӯсфанди қурбонӣ" интизор аст. Дар ин бора нашрияи сербии "Печат" матлаб нашр кардааст. Ба ақидаи муаллифи матлаб, муттаҳидони ғарбии Киев, вақте ки вазъ ба нафъи онҳо нагардад, айбро ба гардани Зеленский мегузоранд ва аз ӯ рӯй хоҳанд гардонд. Бо Порошенко, ки ҳамаи супоришҳои "ёварон"-и хориҷиро содиқона адо мекард, ҳамин чиз рӯй дод. "Барои Ғарб, Порошенко на ҳамчун "пешвои украинӣ", балки чун бузи қурбонӣ бештар муфид буд. Зеленский аз сарнавишти мушобеҳ гурехта наметавонад ва барои ӯ ин беҳтарин гузина хоҳад буд", - таъкид намудаст шореҳ. Муаллиф изҳороти пурсарусадои Дмитрий Белик, узви Кумитаи Думаи Давлатӣ дар умури байналмилалиро ёд овард, ки раисҷумҳури Украинаро лӯхтаки Ғарб номид, ки қобилияти қабули тасмимҳои мустақилро аз даст додааст. Муаллифи нашрия таъкид мекунад, ки Зеленский дар байни ду оташ афтодааст. Дар ҳоле, ки Вашингтон аз раҳбари Украина қатъият ва ҷангҷӯйӣ талаб мекунад, Брюссел аз бими он ки вазъ бар асари таҳримҳои зидди Русия бадтар мешавад, ба ҳалли мусолиматомези низоъ исрор мекунад. Зеленский бояд ҷониберо интихоб кунад, вагарна ба ҷояш ин корро анҷом хоҳанд дод. Дар ин ҳол хашму ғазаб болои сиёсатмадорони ғарбӣ хоҳад рехт, ки солҳои тӯлонӣ раисиҷумҳури Украинаро таҳрик медиҳанд ва ӯро ҳам бо пулу силоҳ таъмин мекунанд, хулоса кардаст рӯзноманигор.
https://sputnik.tj/20220903/1051134550.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049185589_0:0:927:695_1920x0_80_0_0_584c8aa34d7b3dcfc162b9cc70e1d14b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарнавишт, ваҳмангез, зеленский, маълум
сарнавишт, ваҳмангез, зеленский, маълум
Миёни ду оташ. Сарнавишти ваҳмангези Зеленский маълум шуд
11:55 05.09.2022 (Навсозишуда: 18:29 05.09.2022) Сарвари Украина миёни ду оташ қарор гирифтаст. ИМА аз ӯ ҷангҷӯӣ талаб мекунаду Иттиҳоди Аврупо исрор ба ҳалли муноқиша бо роҳи осоишта дорад
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Раисҷумҳури феълии Украина Владимир Зеленскийро чун президенти ин пешини ин кишвар Пётр Порошенко сарнавишти "гӯсфанди қурбонӣ" интизор аст. Дар ин бора нашрияи сербии "Печат" матлаб нашр кардааст.
Ба ақидаи муаллифи матлаб, муттаҳидони ғарбии Киев, вақте ки вазъ ба нафъи онҳо нагардад, айбро ба гардани Зеленский мегузоранд ва аз ӯ рӯй хоҳанд гардонд. Бо Порошенко, ки ҳамаи супоришҳои "ёварон"-и хориҷиро содиқона адо мекард, ҳамин чиз рӯй дод.
"Барои Ғарб, Порошенко на ҳамчун "пешвои украинӣ", балки чун бузи қурбонӣ бештар муфид буд. Зеленский аз сарнавишти мушобеҳ гурехта наметавонад ва барои ӯ ин беҳтарин гузина хоҳад буд", - таъкид намудаст шореҳ.
Муаллиф изҳороти пурсарусадои Дмитрий Белик, узви Кумитаи Думаи Давлатӣ дар умури байналмилалиро ёд овард, ки раисҷумҳури Украинаро лӯхтаки Ғарб номид, ки қобилияти қабули тасмимҳои мустақилро аз даст додааст.
Муаллифи нашрия таъкид мекунад, ки Зеленский дар байни ду оташ афтодааст. Дар ҳоле, ки Вашингтон аз раҳбари Украина қатъият ва ҷангҷӯйӣ талаб мекунад, Брюссел аз бими он ки вазъ бар асари таҳримҳои зидди Русия бадтар мешавад, ба ҳалли мусолиматомези низоъ исрор мекунад.
Зеленский бояд ҷониберо интихоб кунад, вагарна ба ҷояш ин корро анҷом хоҳанд дод. Дар ин ҳол хашму ғазаб болои сиёсатмадорони ғарбӣ хоҳад рехт, ки солҳои тӯлонӣ раисиҷумҳури Украинаро таҳрик медиҳанд ва ӯро ҳам бо пулу силоҳ таъмин мекунанд, хулоса кардаст рӯзноманигор.