Рушди бахши саноати фароварии Тоҷикистон

Обуна шудан
Тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Мақомот мегӯяд, ҳукумати кишвар ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд
Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-июл соли 2022 12722,0 млн.сомонӣ аз он маҳсулоти хурокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 4614,5 млн. сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти насоҷӣ ва дӯзандагӣ 1608,5 млн. сомонӣ, истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолиятит абъу навш 194,3 млн. сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 35,9 млн. сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёӣ 190,6, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 3780,7 млн. сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 15,7 дарсадро зиёд шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 34,4 дарсад кам шуд, ки ин аз ҳисоби камшавии истеҳсоли бензин 90,5 дарсад, мазут 58,7 дарсад ва сӯзишвории дизелӣ 45,5 дарсад ба вуҷуд омадааст.
Лентаи хабарҳо
0