https://sputnik.tj/20220905/laghvi-ravodid-guruh-sayyohon-eronu-rusiya-1051164652.html
Лағви раводидҳои гурӯҳӣ барои сайёҳони Эрону Русия
Лағви раводидҳои гурӯҳӣ барои сайёҳони Эрону Русия
Sputnik Тоҷикистон
Равобити Эрону Русия баъд аз ба вуҷуд омадани сардӣ дар муносибот Кремл бо кишварҳои ғарбӣ пас аз эъмоли таҳримҳо алайҳи Маскав рӯ ба тавсеа ниҳоданд
2022-09-05T17:00+0500
2022-09-05T17:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
эрон
дар русия
гардишгарӣ
сайёҳӣ
виза
раводид
лағв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/05/1051164458_0:194:3072:1922_1920x0_80_0_0_2928a39e3f890b7415af42df87a6f77d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Теҳрон ва Маскав раводидҳои гурӯҳӣ барои сайёҳони худро дар моҳи январи соли 2023 лағв хоҳанд кард, иттилоъ додааст РИА “Новости” дар истинод ба Лайло Аждарӣ, мудири кулли дафтари бозорёбӣ ва тавсеаи гардишгарии хориҷии Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Эрон.Гуфта мешавад, ки тавофуқномаи дахлдор дар нишасти дувуми Кумитаи фаннии Эрону Русия дар бораи гардишгарӣ миёни ҷонибҳо ба имзо расидааст.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, дар солҳои ахир теъдоди сайёҳони эронӣ дар Русия ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.Сайёҳони эронӣ бештар ба самти Маскав, Санкт-Петербург ва Сочӣ парвоз мекунанд.“Мо дар фасли тобистон шаш-ҳафт гурӯҳи иборат аз 15-20 нафарро қабул мекунем. Эрониҳо "барои як ҷуръа озодӣ" меоянд. Дар ин ҷо марказҳои савдо, машрубот ва дигар молҳое, ки дар Эрон дастрас нестанд ё озодона фурӯхта намешаванд, зиёданд”, - гуфт роҳбари ширкати сайёҳии “Спейс Трэвел” Артур Мурадян ба “ratanews”.Бино ба маълумоти Хадамоти марзбонии Русия, то мощи июни соли 2022 ба Русия 1,2 ҳазор гардишгарони эронӣсафар кардаанд.
https://sputnik.tj/20220611/rusiya-sozmon-jahon-sayyohi-khorij-1049113942.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/05/1051164458_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_a7112a4486235f5eabfbea2fb303ab20.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, русия, ҳамкорӣ, раводид, лағв, сайёҳӣ, гардишгарӣ, виза
эрон, русия, ҳамкорӣ, раводид, лағв, сайёҳӣ, гардишгарӣ, виза
Лағви раводидҳои гурӯҳӣ барои сайёҳони Эрону Русия
17:00 05.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Равобити Эрону Русия баъд аз ба вуҷуд омадани сардӣ дар муносиботи Кремл бо кишварҳои ғарбӣ пас аз эъмоли таҳримҳо алайҳи Маскав рӯ ба тавсеа ниҳоданд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Теҳрон ва Маскав раводидҳои гурӯҳӣ барои сайёҳони худро дар моҳи январи соли 2023 лағв хоҳанд кард, иттилоъ додааст РИА “Новости” дар истинод ба Лайло Аждарӣ, мудири кулли дафтари бозорёбӣ ва тавсеаи гардишгарии хориҷии Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Эрон.
“Бар асоси он тавофуқҳое, ки қаблан миёни ҳукуматҳои Эрон ва Русия расида буд, аз 1 январи соли 2023 шаҳрвандони ду кишвар дар сурати сафар ба кишварҳо дар ҳайати гурӯҳҳои сайёҳӣ иборат аз 5 то 50 нафар ба раводиди гурӯҳӣ ба муҳлати 15 рӯз ниёз надоранд”, - хабар додааст хонум Аждарӣ.
Гуфта мешавад, ки тавофуқномаи дахлдор дар нишасти дувуми Кумитаи фаннии Эрону Русия дар бораи гардишгарӣ миёни ҷонибҳо ба имзо расидааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, дар солҳои ахир теъдоди сайёҳони эронӣ дар Русия ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Сайёҳони эронӣ бештар ба самти Маскав, Санкт-Петербург ва Сочӣ парвоз мекунанд.
“Мо дар фасли тобистон шаш-ҳафт гурӯҳи иборат аз 15-20 нафарро қабул мекунем. Эрониҳо "барои як ҷуръа озодӣ" меоянд. Дар ин ҷо марказҳои савдо, машрубот ва дигар молҳое, ки дар Эрон дастрас нестанд ё озодона фурӯхта намешаванд, зиёданд”, - гуфт роҳбари ширкати сайёҳии “Спейс Трэвел” Артур Мурадян ба “ratanews”.
Бино ба маълумоти Хадамоти марзбонии Русия, то мощи июни соли 2022 ба Русия 1,2 ҳазор гардишгарони эронӣсафар кардаанд.