https://sputnik.tj/20220905/istiqlol-bozi-chempionat-tojikiston-1051158791.html
"Истиқлол" якум шуд: натиҷаи бозиҳои даври 14-уми чемпионати Тоҷикистон
"Истиқлол" якум шуд: натиҷаи бозиҳои даври 14-уми чемпионати Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаҳои як бозии мавқуфмондаи даври сеюм ва бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуданд
2022-09-05T12:35+0500
2022-09-05T12:35+0500
2022-09-05T18:28+0500
дар тоҷикистон
футбол
кумитаи миллии олимпии ҷт
бозӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
чемпионат
қаҳрамонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928143_79:0:1245:656_1920x0_80_0_0_c9b03613aa2f0b53edecb3b0574dc8ee.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тафсилоти бозиҳои даври 14-уми қаҳрамонӣ миёни дастаҳои Лигаи олии ҷумҳуриро нашр кард. Ба иттилои манбаъ, дар бозии мавқуфмондаи даври сеюм "Истиқлол" бар тими "Истаравшан" бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ҳар се голро Шервонӣ Мабатшоев ба ҳадаф расонд. Тими "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода силсилаи бозиҳои бебарорро дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 идома дода, таҳти роҳбарии Ҳикмат Фузайлов бори нуҳум дучори бохт шуд. Тим ин дафъа аз "Эсхата"-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, муаллифи голи ягона Санҷар Рихсибоев мебошад. Бозӣ миёни дастаҳои "Истаравшан" ва "Равшан"-и Зафаробод мусовӣ - 2:2 анҷом ёфт. Ду голи "Истаравшан"-ро Отабек Зокиров, голҳои тими Зафарободро Бахтиёр Зарипов ва Ҷаҳонгир Алиев заданд. Дар бозии дигар голи ҳамлагар Муҳаммадалӣ Азизбоев дар дақиқаи 90+1 ғалабаи "Равшан"-и Кӯлобро бар КМВА таъмин намуд. "Истиқлол"дар бозии дуюмаш низ бар дастаи "Файзканд"-и Восеъ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ба голи задаи бозигари "Файзканд" Аббос Андалебов, душанбегиҳо тавассути Манучеҳр Ҷалилов бо 2 гол ва Шервонӣ Мабатшоев посух доданд. "Хуҷанд" бо голи задаи легионери ӯзбекистонӣ Хушнудбек Бозоров бар тими “Хатлон” пирӯз гардид. Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки "Истиқлол"-и Душанбе пас аз ду пирӯзии ҳафтаи гузашта бо 27 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. "Равшан"-и Кӯлоб, ки 23 хол дорад, дар ҷои дуюм, "Хуҷанд" бо 22 хол дар ҷои сеюм ҷой гирифтаанд. Таъкид гардидаст, ки бозиҳои даври навбатӣ 10-11 сентябр ба нақша гирифта шудаанд.
https://sputnik.tj/20220805/natija-intiqol-tobistona-futbol-tojikiston-1050532023.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928143_224:0:1099:656_1920x0_80_0_0_2a2171ad7c61d6512efed870de5926d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, натиҷа, давр, навбатӣ, чемпионат, тоҷикистон
эълон, натиҷа, давр, навбатӣ, чемпионат, тоҷикистон
"Истиқлол" якум шуд: натиҷаи бозиҳои даври 14-уми чемпионати Тоҷикистон
12:35 05.09.2022 (Навсозишуда: 18:28 05.09.2022) Натиҷаҳои як бозии мавқуфмондаи даври сеюм ва бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ маълум шуданд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тафсилоти бозиҳои даври 14-уми қаҳрамонӣ миёни дастаҳои Лигаи олии ҷумҳуриро нашр кард.
Ба иттилои манбаъ, дар бозии мавқуфмондаи даври сеюм "Истиқлол" бар тими "Истаравшан" бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ҳар се голро Шервонӣ Мабатшоев ба ҳадаф расонд.
Тими "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода силсилаи бозиҳои бебарорро дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 идома дода, таҳти роҳбарии Ҳикмат Фузайлов бори нуҳум дучори бохт шуд. Тим ин дафъа аз "Эсхата"-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, муаллифи голи ягона Санҷар Рихсибоев мебошад.
Бозӣ миёни дастаҳои "Истаравшан" ва "Равшан"-и Зафаробод мусовӣ - 2:2 анҷом ёфт. Ду голи "Истаравшан"-ро Отабек Зокиров, голҳои тими Зафарободро Бахтиёр Зарипов ва Ҷаҳонгир Алиев заданд.
Дар бозии дигар голи ҳамлагар Муҳаммадалӣ Азизбоев дар дақиқаи 90+1 ғалабаи "Равшан"-и Кӯлобро бар КМВА таъмин намуд.
"Истиқлол"дар бозии дуюмаш низ бар дастаи "Файзканд"-и Восеъ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ба голи задаи бозигари "Файзканд" Аббос Андалебов, душанбегиҳо тавассути Манучеҳр Ҷалилов бо 2 гол ва Шервонӣ Мабатшоев посух доданд.
"Хуҷанд" бо голи задаи легионери ӯзбекистонӣ Хушнудбек Бозоров бар тими “Хатлон” пирӯз гардид.
Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки "Истиқлол"-и Душанбе пас аз ду пирӯзии ҳафтаи гузашта бо 27 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. "Равшан"-и Кӯлоб, ки 23 хол дорад, дар ҷои дуюм, "Хуҷанд" бо 22 хол дар ҷои сеюм ҷой гирифтаанд.
Таъкид гардидаст, ки бозиҳои даври навбатӣ 10-11 сентябр ба нақша гирифта шудаанд.