https://sputnik.tj/20220905/infijor-saforat-rusiya-kobul-1051159658.html
Бархе ҷузъиёти инфиҷор дар наздикии сафорати Русия дар Кобул
Бархе ҷузъиёти инфиҷор дар наздикии сафорати Русия дар Кобул
Sputnik Тоҷикистон
Манобеъ аз ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии даромадгоҳи сафорати Русия дар Афғонистон хабар медиҳанд. Расман тафсилоти ин ҳодиса ҳанӯз ироа нашудааст
2022-09-05T13:00+0500
2022-09-05T13:00+0500
2022-09-05T13:41+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
амният ва мудофиа
назорати тартибот
кобул
инфиҷор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_4e476103534f58a66600228c52196f39.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Инфиҷор дар наздикии сафорати Русия дар Кобул рух дод, навиштааст РИА "Новости" бо такя ба манобеи худ. Манбаи Sputnik Афғонистон рух додани ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии сафорати Русия дар Афғонистонро таъйид карда, изҳор доштаст, ки феълан вазъ мураккаб мебошад. Гуфта мешавад, амали террористиро маргталаб анҷом додаст. Шоҳидони ҳодиса изҳор доштаанд, ки қурбониёни ин ҳодиса метавонанд даҳҳо нафарро ташкил диҳанд. Таъкид гардидааст, ки дар назди сафорат асосан донишҷӯёни афғон қарор доштанд, ки барои пешниҳоди ҳуҷҷат ва ё гирифтани раводид омада буданд. Феълан иттилои расмӣ дар бораи қурбониён, аз ҷумла осебдидагон миёни кормандони сафорат ироа нашудааст. Ба навиштаи Ҳомид Ҳайдарӣ, сармуҳаррири собиқи 1TVNews бошад, таркиш дар назди намояндагӣ замоне рух дод, ки як дипломати рус барои хондани рӯйхати онҳое, ки барои дарёфти раводид дар навбат меистанд, берун баромада буд. Шоҳидон мегӯянд, теъдоди зиёди масъулини амниятӣ ва хадамоти тиббӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро тайи беш аз як соли охир толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гуруҳ нима августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд. Дар зимн таркишҳои интиҳорӣ дар нуқоти гуногуни Афғонистон зиёд расонаӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20220902/infijor-dar-masjidi-guzargohi-hirot-ansori-kushta-shud-1051119716.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d15365da66c20680baf455c8e4cf3e8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот, инфиҷор, намояндагӣ, кобул, русия
тафсилот, инфиҷор, намояндагӣ, кобул, русия
Бархе ҷузъиёти инфиҷор дар наздикии сафорати Русия дар Кобул
13:00 05.09.2022 (Навсозишуда: 13:41 05.09.2022) Манобеъ аз ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии даромадгоҳи сафорати Русия дар Афғонистон хабар медиҳанд. Расман тафсилоти ин ҳодиса ҳанӯз ироа нашудааст
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Инфиҷор дар наздикии сафорати Русия дар Кобул рух дод, навиштааст РИА "Новости" бо такя ба манобеи худ.
Манбаи Sputnik Афғонистон рух додани ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии сафорати Русия дар Афғонистонро таъйид карда, изҳор доштаст, ки феълан вазъ мураккаб мебошад. Гуфта мешавад, амали террористиро маргталаб анҷом додаст. Шоҳидони ҳодиса изҳор доштаанд, ки қурбониёни ин ҳодиса метавонанд даҳҳо нафарро ташкил диҳанд.
Таъкид гардидааст, ки дар назди сафорат асосан донишҷӯёни афғон қарор доштанд, ки барои пешниҳоди ҳуҷҷат ва ё гирифтани раводид омада буданд. Феълан иттилои расмӣ дар бораи қурбониён, аз ҷумла осебдидагон миёни кормандони сафорат ироа нашудааст.
Ба навиштаи Ҳомид Ҳайдарӣ, сармуҳаррири собиқи 1TVNews бошад, таркиш дар назди намояндагӣ замоне рух дод, ки як дипломати рус барои хондани рӯйхати онҳое, ки барои дарёфти раводид дар навбат меистанд, берун баромада буд.
Шоҳидон мегӯянд, теъдоди зиёди масъулини амниятӣ ва хадамоти тиббӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро тайи беш аз як соли охир толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гуруҳ нима августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд. Дар зимн таркишҳои интиҳорӣ дар нуқоти гуногуни Афғонистон зиёд расонаӣ мешаванд.