https://sputnik.tj/20220905/imzo-hamkori-vukh-rusiya-tojikiston-video-1051174206.html
Имзои барномаи ҳамкорӣ миёни ВУХ-ҳои Русия ва Тоҷикистон - видео
Имзои барномаи ҳамкорӣ миёни ВУХ-ҳои Русия ва Тоҷикистон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботро баррасӣ намуда, азмашонро барои густариши ҳамкориҳо баён доштанд
2022-09-05T19:00+0500
2022-09-05T19:00+0500
2022-09-15T13:46+0500
видео
сироҷиддин муҳриддин
сергей лавров
имзо
созишнома
30 соли дӯстии тоҷикистону русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/05/1051168445_0:0:2013:1132_1920x0_80_0_0_fd1aa73df65ae815ca42f4b70313b718.jpg
Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия барои солҳои 2022-2023 дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Санади мазкурро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои русаш, Сергей Лавров ба имзо расонданд. Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, дифоъ ва амният, сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, бехатарии биологӣ, мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотиро баррасӣ кардаанд. Лавров: Русия Тоҷикистонро чун ҳампаймон қадр мекунадБарномаи мулоқоту чорабиниҳо дар сатҳи олӣ то охири соли 2022 аз масоили меҳварии дигари ин музокирот арзёбӣ шуданд. Сафари расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар ҳоли барномарезӣ қарор дорад, гуфт дар доираи музокирот Сироҷиддин Муҳриддин. "Аз масъалаҳои асосӣ омодасозӣ ва баргузор намудани сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон мебошад", - изҳор дошт Муҳриддин зимни муаррифии масоили музокироташ бо Лавров.Таъкид шуд, ки мулоқоту музокирот дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ таконе барои таҳкими ҳамкориҳо буд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/05/1051168445_77:0:1866:1342_1920x0_80_0_0_c27e916b4ab2650a1325419b056f4f17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо, санад, ҳамкорӣ, тоҷикистон
имзо, санад, ҳамкорӣ, тоҷикистон
Имзои барномаи ҳамкорӣ миёни ВУХ-ҳои Русия ва Тоҷикистон - видео
19:00 05.09.2022 (Навсозишуда: 13:46 15.09.2022) Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботро баррасӣ намуда, азмашонро барои густариши ҳамкориҳо баён доштанд
Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия барои солҳои 2022-2023 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Санади мазкурро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои русаш, Сергей Лавров ба имзо расонданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, дифоъ ва амният, сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, бехатарии биологӣ, мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотиро баррасӣ кардаанд.
Барномаи мулоқоту чорабиниҳо дар сатҳи олӣ то охири соли 2022 аз масоили меҳварии дигари ин музокирот арзёбӣ шуданд.
Сафари расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар ҳоли барномарезӣ қарор дорад, гуфт дар доираи музокирот Сироҷиддин Муҳриддин.
"Аз масъалаҳои асосӣ омодасозӣ ва баргузор намудани сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон мебошад", - изҳор дошт Муҳриддин зимни муаррифии масоили музокироташ бо Лавров.
Таъкид шуд, ки мулоқоту музокирот дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ таконе барои таҳкими ҳамкориҳо буд.