https://sputnik.tj/20220904/kitobkhona-millii-tojikiston-khonanda-1051153312.html
Китобхонаи миллии Тоҷикистон чанд хонанда дорад?
Китобхонаи миллии Тоҷикистон чанд хонанда дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки садҳо ҳазор корбар дорад, бахшида ба Рӯзи китоб дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва дарҳои боз эълон кардаст
2022-09-04T23:40+0500
2022-09-04T23:40+0500
2022-09-05T18:37+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
китоб
китобхона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044781935_0:125:1200:800_1920x0_80_0_0_eefb42f569490a3c0c4972cc2ecdcf26.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Ҳудуди 200 ҳазор хонанда аз хадамоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон истифода мебаранд. Ин нуктаро Салима Раҷабзода, муовини раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр таҷлил мешавад, баён доштаст. Ба гуфтаи Раҷабзода дар китобхона теъдоди зиёди китобу маҷаллаҳои чопию электронӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Инчунин барои афроди имконияташон маҳдуд, маводи инклюзивӣ мавҷуд аст, изҳор доштаст Раҷабозода. Вай афзудааст, ки бахшида ба Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ рӯзҳои дарҳои боз эълон гардида, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор шуданд. Рӯзи китоб дар Тоҷикистон ба санаи гузоштани санги асоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон рост меояд, ки 4 сентябри соли 2007 сурат гирифт. Маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ 20 марти соли 2012 баргузор гардид, ки дар шакли китоби кушода сохта шуда, калонтарин китобхона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20220707/amr-prezident-tojikiston-ozmuni-tojikon-1049808566.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044781935_80:0:1147:800_1920x0_80_0_0_dfab0ea537b675fb040db139b9a5b3cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, китоб, хонанда
Китобхонаи миллии Тоҷикистон чанд хонанда дорад?
23:40 04.09.2022 (Навсозишуда: 18:37 05.09.2022) Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки садҳо ҳазор корбар дорад, бахшида ба Рӯзи китоб дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва дарҳои боз эълон кардааст
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Ҳудуди 200 ҳазор хонанда аз хадамоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон истифода мебаранд.
Ин нуктаро Салима Раҷабзода, муовини раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр таҷлил мешавад, баён доштаст.
Ба гуфтаи Раҷабзода дар китобхона теъдоди зиёди китобу маҷаллаҳои чопию электронӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Инчунин барои афроди имконияташон маҳдуд, маводи инклюзивӣ мавҷуд аст, изҳор доштаст Раҷабозода.
Вай афзудааст, ки бахшида ба Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ рӯзҳои дарҳои боз эълон гардида, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор шуданд.
Рӯзи китоб дар Тоҷикистон ба санаи гузоштани санги асоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон рост меояд, ки 4 сентябри соли 2007 сурат гирифт.
Маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ 20 марти соли 2012 баргузор гардид, ки дар шакли китоби кушода сохта шуда, калонтарин китобхона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад.