https://sputnik.tj/20220904/aliev-zurozmoi-ufc-1051145193.html
Ҳариф маълум шуд: кӣ сари роҳи Нурулло Алиев дар UFC меистад?
Ҳариф маълум шуд: кӣ сари роҳи Нурулло Алиев дар UFC меистад?
Sputnik Тоҷикистон
Рақиби размикори тоҷик дар муборизаи қарибулвуқуъ варзишкори арманӣ мешавад, ки то ҳол ҳеч шикасте надидааст. Ғолиби мусобиқа метавонад бо UFC пайвандад
2022-09-04T10:24+0500
2022-09-04T10:24+0500
2022-09-05T18:51+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
нурулло алиев
сабқат
қаҳрамони ufc
мубориза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103017/78/1030177811_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_8927ccb58df86237e85285d814faadff.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Сабқати Нурулло Алиев, варзишкори тоҷик бо Наир Меликяни арманӣ 20 сентябри соли равон дар назар аст. Ба иттилои нашргардида, Маликян то ҳол ҳеч шикасте надорад ва сабқат дар шаҳри Лас - Вегас бергузор мешавад. Дар сурати пирӯзӣ Алиев имкон дорад аввалин намояндаи Тоҷикистон дар лигаи UFC шавад. Рақиби размикори шикастнадидаи тоҷик аллакай муайян шудааст - ӯ Наир Меликяни арманист, ки ӯ низ бидуни бохт аст. Ин мубориза рӯзи 20 сентябри соли ҷорӣ дар Лас Вегас баргузор мешавад.Маврид ба зикр аст, ки Алиев ахиран аз имзои созишнома бо ташкилоти Дана Уайт - "Dana White Contender Series" хабар дода, ба роҳбари UFC, дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин имконият сипос гуфтаст."Дана Уайт сипос, ки қавлатонро иҷро кардеду ба ман имконият додед барои созишнома бо UFC мубориза барам", - таъкид кардаст Алиев.Телевизиони "Варзиш" тавзеҳ додаст, ки дар ҳоли ҳозир размикори тоҷик бо ташкилоти "Dana White Contender Series" созишнома бастаст ва агар дар ин ташкилот ғалаба ба даст биёрад, имкони роҳ ёфтан ба UFC барои ӯ пайдо мешавад.Маврид ба зикр аст, ки то ин марҳила пеш аз Нурулло Алиев, размикорони дигари тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лек мағлуб шуда буданд.Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори умед кардаанд, ки моҳи равон Тоҷикистон низ соҳиби размикори худ дар созмони UFC хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220903/razmikor-tojik-baranda-kamarband-birinji--mma-1051142250.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103017/78/1030177811_0:0:1000:751_1920x0_80_0_0_facfebf45af056434d6071afaf3a3471.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
алиев, зӯрозмоӣ, рақиб,
Ҳариф маълум шуд: кӣ сари роҳи Нурулло Алиев дар UFC меистад?
10:24 04.09.2022 (Навсозишуда: 18:51 05.09.2022) Рақиби размикори тоҷик дар муборизаи қарибулвуқуъ варзишкори арманӣ мешавад, ки то ҳол ҳич шикасте надидааст. Ғолиби мусобиқа метавонад бо UFC пайвандад
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Сабқати Нурулло Алиев, варзишкори тоҷик бо Наир Меликяни арманӣ 20 сентябри соли равон дар назар аст.
Ба иттилои нашргардида, Маликян то ҳол ҳеч шикасте надорад ва сабқат дар шаҳри Лас - Вегас бергузор мешавад. Дар сурати пирӯзӣ Алиев имкон дорад аввалин намояндаи Тоҷикистон дар лигаи UFC шавад.
Рақиби размикори шикастнадидаи тоҷик аллакай муайян шудааст - ӯ Наир Меликяни арманист, ки ӯ низ бидуни бохт аст. Ин мубориза рӯзи 20 сентябри соли ҷорӣ дар Лас Вегас баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Алиев ахиран аз имзои созишнома бо ташкилоти Дана Уайт - "Dana White Contender Series" хабар дода, ба роҳбари UFC, дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин имконият сипос гуфтаст.
"Дана Уайт сипос, ки қавлатонро иҷро кардеду ба ман имконият додед барои созишнома бо UFC мубориза барам", - таъкид кардаст Алиев.
Телевизиони "Варзиш" тавзеҳ додаст, ки дар ҳоли ҳозир размикори тоҷик бо ташкилоти "Dana White Contender Series" созишнома бастаст ва агар дар ин ташкилот ғалаба ба даст биёрад, имкони роҳ ёфтан ба UFC барои ӯ пайдо мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки то ин марҳила пеш аз Нурулло Алиев, размикорони дигари тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лек мағлуб шуда буданд.
Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори умед кардаанд, ки моҳи равон Тоҷикистон низ соҳиби размикори худ дар созмони UFC хоҳад шуд.