Аз аввалин лухтак то тарроҳи шинохта: Нафиса Имронова дар бораи эҷоди бренди худ гуфт

Обуна шудан
Тарроҳ Нафиса Имронова дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи чӣ гуна эҷод шудани бренди ZHIWJ ва ҳамчунин дар бораи роҳи эҷодиаш нақл кард
Ҳар як дизайнер дорои самт, ҳадаф ва вазифаи бренди худ мебошад. Касе аз шоҳасарҳои афроди барҷастаи равияҳои муосири соҳа ва касе аз таърихи халқу зебоиҳои Ватани худ илҳом мегирад.
Дар ин бора ва бисёр чизҳои дигар, Нафиса Имронова, созандаи бренди ZHIWJ, тарроҳи либос дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон нақл кард.
Вай гуфт, ки аз хурдӣ кашидан, буридан ва дӯхтанро дӯст медошт.
"Вақте ки ман дӯхтани лӯхтакҳои хурдро оғоз кардам, матоъро ҳис кардам, ки аз он чизи зебое ба вуҷуд меояд",- ёдовар шуд ӯ.
Имронова дар офаридани коллексияи аввалини худ ба душворихои зиёде дучор шуд. Аммо тарроҳи ҷавон истиқболҳои аввалини гармро ба сӯяш шунида, ба худ бештар боварӣ ҳосил кард.
Ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораи Бухоро соҳиби ҷоизаҳои махсус шуданд
"Ба одамон он чизе, ки ман офаридаам, он чизеро, ки ман ба онҳо нишон медиҳам, маъқул аст. Ман инро ҳис кардам ва фаҳмидам, ки ин аз они ман аст, ман ин корро мекунам. То кунун ин истиқбол, коллексияи аввал, дар дохили ман дорам", - нақл кард ӯ.
Барои дидани сӯҳбати бештар бо тарроҳи шинохта, ба видео нигаред.
Лентаи хабарҳо
0