https://sputnik.tj/20220903/dushanbe-niyozmandon-kumak-1051139134.html
Ба ниёзмандони шаҳри Душанбе кумаки молӣ расонида шуд
Ба ниёзмандони шаҳри Душанбе кумаки молӣ расонида шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар остонаи таҷлили 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 ҳазор нафар ниёзмандон кумаки моддӣ расонида шуд
2022-09-03T16:01+0500
2022-09-03T16:01+0500
2022-09-05T19:05+0500
душанбе
кӯмак ба камбизоатҳо
ниёзмандон
иҷтимоъ
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/14/1030941438_0:56:3000:1744_1920x0_80_0_0_01ea40ba4aaee2f3a50895f241645e69.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар остонаи Ҷашни истиқлоли давлатӣ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди кишвар кумаки молӣ ва моддӣ расонд. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон хабар додааст. Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ 5000 нафар ниёзмандон кумак дарёфт кардаанд. "Дар остонаи таҷлили 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо кардани маблағ ба имзо расид", - омадааст дар хабарнома. Тибқи дастури раиси шаҳр, дар маҷмӯъ ба 5 ҳазор нафар ниёзмандон, аз ҷумла иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда кумакҳои моддӣ ва молӣ расонида шуд. Раиси Душанбе ба ниёзмандон кумак кардҲамчунин, бар асоси ин қарор раисони навоҳии шаҳри Душанбе муваззаф шуданд, ки дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои кумаки моддӣ ба кӯдакони ятиму чора андешанд. Қаблан маъмурияти вилояти Суғд гуфта буд, ки 221 корманди соҳаи иҷтимоӣ ба нафақахӯроне, ки дар ин вилоят дар хона бе хешу табор ва дӯстон ба сар мебаранд, кумак мекунанд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/14/1030941438_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_06ff504aada5a38c6430988117d8baab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ниёзмандон, душанбе, кумаки молӣ
ниёзмандон, душанбе, кумаки молӣ
Ба ниёзмандони шаҳри Душанбе кумаки молӣ расонида шуд
16:01 03.09.2022 (Навсозишуда: 19:05 05.09.2022) Дар остонаи таҷлили 31-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба 5 ҳазор нафар аз ниёзмандон кумаки моддӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар остонаи Ҷашни истиқлоли давлатӣ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди кишвар кумаки молӣ ва моддӣ расонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ 5000 нафар ниёзмандон кумак дарёфт кардаанд.
"Дар остонаи таҷлили 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо кардани маблағ ба имзо расид", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи дастури раиси шаҳр, дар маҷмӯъ ба 5 ҳазор нафар ниёзмандон, аз ҷумла иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда кумакҳои моддӣ ва молӣ расонида шуд.
Ҳамчунин, бар асоси ин қарор раисони навоҳии шаҳри Душанбе муваззаф шуданд, ки дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои кумаки моддӣ ба кӯдакони ятиму чора андешанд.
Қаблан маъмурияти вилояти Суғд гуфта буд, ки 221 корманди соҳаи иҷтимоӣ ба нафақахӯроне, ки дар ин вилоят дар хона бе хешу табор ва дӯстон ба сар мебаранд, кумак мекунанд.