https://sputnik.tj/20220903/1051137312.html
Фоҷеа: дар обҳои Тоҷикистон боз як кӯдак ва марде ғарқ шуданд
Фоҷеа: дар обҳои Тоҷикистон боз як кӯдак ва марде ғарқ шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагон бо нигаронӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ аз сокинони кишвар қатъӣ даъват мекунанд, ки эҳтиёткор ва махсусан мувозиби ноболиғон бошанд
2022-09-03T14:40+0500
2022-09-03T14:40+0500
2022-09-05T19:11+0500
дар тоҷикистон
ғарқ шудан
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/68/1029366809_0:9:1920:1089_1920x0_80_0_0_252b42b8bf5e2960e52c3425e1850ca6.jpg
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода як кӯдаки хурдсол бар асари бетаваҷҷуҳии волидон ба ҳалокат расидааст, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи маргбор асри 2 сентябр дар деҳаи лоҳутии ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри мазкур рух додааст.КҲФ тавзеҳ дод, ки кӯдаки 2-сола, ки ҳамроҳи хоҳараш, ки ба деҳаи Гарав ба пеши хешовандонашон рафта буд, дар ҳолати бидуни назорат мондан дар канали маҳаллӣ афту ғарқ шуд.Гуфта мешавад, бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар якҷоягӣ бо аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯӣ анҷом дода, соати 21:40 ба вақти маҳаллӣ ҷасади духтаракро 4 километр дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба наздиконаш супурданд.Ҳамчунин, дар ин рӯз ғаввосони кумита як часадро аз канали Варзоб берун овардаанд.Дар бораи пайдо шудани часад ба ин ниҳод аз қисми навбатдори неругоҳи барқи обии Варзоб хабар додаанд.Манбаъ мегӯяд, фавтида, сокини 43-солаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ будааст. Сабабҳои ин ҳодиса то кунун дақиқ нест ва мақомоти интизомӣ онро тафтиш мекунанд.
https://sputnik.tj/20220720/shinovari-behkatar-tojikiston-1050125410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/68/1029366809_85:0:1793:1281_1920x0_80_0_0_3c65de606a68169a19b75bba988be667.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фоҷеа обҳо тоҷикистон кӯдак мард ғарқ
фоҷеа обҳо тоҷикистон кӯдак мард ғарқ
Фоҷеа: дар обҳои Тоҷикистон боз як кӯдак ва марде ғарқ шуданд
14:40 03.09.2022 (Навсозишуда: 19:11 05.09.2022) Наҷотдиҳандагон бо нигаронӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ аз сокинони кишвар қатъӣ даъват мекунанд, ки эҳтиёткор ва махсусан мувозиби ноболиғон бошанд
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода як кӯдаки хурдсол бар асари бетаваҷҷуҳии волидон ба ҳалокат расидааст, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи маргбор асри 2 сентябр дар деҳаи лоҳутии ҷамоати 10-солагии Истиқлолияти шаҳри мазкур рух додааст.
КҲФ тавзеҳ дод, ки кӯдаки 2-сола, ки ҳамроҳи хоҳараш, ки ба деҳаи Гарав ба пеши хешовандонашон рафта буд, дар ҳолати бидуни назорат мондан дар канали маҳаллӣ афту ғарқ шуд.
Гуфта мешавад, бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар якҷоягӣ бо аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯӣ анҷом дода, соати 21:40 ба вақти маҳаллӣ ҷасади духтаракро 4 километр дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба наздиконаш супурданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ғаввосони кумита як часадро аз канали Варзоб берун овардаанд.
Дар бораи пайдо шудани часад ба ин ниҳод аз қисми навбатдори неругоҳи барқи обии Варзоб хабар додаанд.
Манбаъ мегӯяд, фавтида, сокини 43-солаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ будааст.
Сабабҳои ин ҳодиса то кунун дақиқ нест ва мақомоти интизомӣ онро тафтиш мекунанд.