https://sputnik.tj/20220902/afzoishi-talabot-mahsulot-kishvovarzi-tojikiston-rusiya-1051131204.html
Афзоиши талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Русия
Афзоиши талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Точикистон дар Русия дар таъмини сабзавоту мева ба магазинхои бузурги инкишвар ба монанди “Пятерочка”, “Перекресток”, “Карусел” пешсаф аст
2022-09-02T21:50+0500
2022-09-02T21:50+0500
2023-02-08T19:44+0500
дар тоҷикистон
содирот
маҳсулот
талабот
мева
сабзавот
30 соли дӯстии тоҷикистону русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/19/1031959215_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_1e6884298da4175bb429ce5959446254.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ тавонист вориди бозори Русия шавад ва ба як кишвари таъминкунандаи аслии меваву сабзавот табдил ёбад.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамагӣ дар як сол миёни байни кишварҳое, ки ба Русия маҳсулот мефиристанд, пешсаф шуд.“Қаблан меваю сабзавот аз тариқи Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ба Русия ворид мешуд, мева ва сабзавоти Тоҷикистон зери тамғаи ин кишварҳо фурӯхта мешуд. Аммо ҳоло дар мағозаҳо пиёз, лиму ё ангури тоҷикиро торафт бештар дидан мумкин аст”,- гуфт оқои Коренков.Вай илова кард, ки дар Русия талабот ба маҳсулоти Тоҷикистон хеле зиёд аст. Мағозаҳои бузурги Русия ба монанди “Магнит” ва ҳам аз “X5 Group” (мағозаҳои “Пятерочка”, “Перекресток”, “Карусел”), ки яке аз бузургтарин бозигарони фурӯши маҳсулот дар бозор ба ҳисоб мераванд, ба маҳсулоти Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд.Ҳамин тариқ Намояндагии тиҷорӣ дар навбати худ роҳандозии иртибот байни ширкатҳои Русия ва Тоҷикистонро барои барқарор кардани равобити дарозмуддат таъмин хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220803/afzoishi-sodiroti-mahsuloti-tojikiston-khorij-1050454090.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/19/1031959215_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_d6332d05a291dc37a71b8f7e9ade6d5e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афзоиш, маҳсулот, кишоварзӣ, талабот, русия
тоҷикистон, афзоиш, маҳсулот, кишоварзӣ, талабот, русия
Афзоиши талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Русия
21:50 02.09.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Тоҷикистон дар Русия дар таъмини сабзавоту мева ба мағозаҳои бузурги ин кишвар ба монанди “Пятерочка”, “Перекресток”, “Карусел” пешсаф аст
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ тавонист вориди бозори Русия шавад ва ба як кишвари таъминкунандаи аслии меваву сабзавот табдил ёбад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамагӣ дар як сол миёни байни кишварҳое, ки ба Русия маҳсулот мефиристанд, пешсаф шуд.
“Қаблан меваю сабзавот аз тариқи Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ба Русия ворид мешуд, мева ва сабзавоти Тоҷикистон зери тамғаи ин кишварҳо фурӯхта мешуд. Аммо ҳоло дар мағозаҳо пиёз, лиму ё ангури тоҷикиро торафт бештар дидан мумкин аст”,- гуфт оқои Коренков.
Вай илова кард, ки дар Русия талабот ба маҳсулоти Тоҷикистон хеле зиёд аст. Мағозаҳои бузурги Русия ба монанди “Магнит” ва ҳам аз “X5 Group” (мағозаҳои “Пятерочка”, “Перекресток”, “Карусел”), ки яке аз бузургтарин бозигарони фурӯши маҳсулот дар бозор ба ҳисоб мераванд, ба маҳсулоти Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд.
Ҳамин тариқ Намояндагии тиҷорӣ дар навбати худ роҳандозии иртибот байни ширкатҳои Русия ва Тоҷикистонро барои барқарор кардани равобити дарозмуддат таъмин хоҳад кард.