https://sputnik.tj/20220831/taghyirot-masir-harakat-avtobus-dushanbe-1051061812.html
Тағйирот дар масири ҳаракат ва рақами автобусҳо дар Душанбе: кадомҳо ва аз кай?
Тағйирот дар масири ҳаракат ва рақами автобусҳо дар Душанбе: кадомҳо ва аз кай?
Sputnik Тоҷикистон
Тағйирот дар масири ҳаракати бархе аз навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе аз 1 сентябри соли равон мавриди амал қарор мегирад
2022-08-31T12:25+0500
2022-08-31T12:25+0500
2022-09-01T13:08+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
ҳаракат
шаҳрдорӣ
душанбе
масир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051045975_0:194:2953:1855_1920x0_80_0_0_a6e6548838b4cd7e9cbb08e06c34a3f4.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Хатсайри автобусии таҳти рақами 13 лағв ва ба ҷои он мусофирбарҳои рақами 17 ба хатсайр мебароянд. Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, шуруъ аз 1 сентябри соли 2022 дар хатсайри автобусии №13 бе тағйири нақшаи ҳаракат, рақами хати сайр иваз гардида, минбаъд ин масир таҳти рақами 17 фаъолият менамояд.Таъкид шудааст, ки танҳо рақам иваз гардида, масири ҳаракат, ки аз кӯчаи Гагарин то маҳаллаи Авулро дар бар мегирад, бетағйир мемонад. "Дар хатсайри №17 фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Гагарин, Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, А. Сино, А. Ғуломов то маҳаллаи Авул роҳандозӣ мегардад", - омадааст дар иттилоия. Ҳамчунин аз санаи 1 сентябри соли равон дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобусии №33 тагйирот ворид карда мешавад. Ҳаракати автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, Дӯстии халқҳо, Н. Муҳаммад, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Шотемур, Қ. Раҳимов, Меҳнат, Шарқ, Лоиқ Шералӣ, Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ то бозори Кушониён ба роҳ монда мешавад, эълон намуд шаҳрдорӣ. Мақомоти Душанбе аз шаҳрвандон хостаанд, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи "АКИА" истифода баранд. Таъкид шудааст, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
https://sputnik.tj/20220510/khujand-qimat-rohkiro-baland-1048330185.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051045975_111:0:2842:2048_1920x0_80_0_0_777109ed6fadf646edfa6b51b2a76c04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рақам, масир, ҳаракат, тағйирот, душанбе
рақам, масир, ҳаракат, тағйирот, душанбе
Тағйирот дар масири ҳаракат ва рақами автобусҳо дар Душанбе: кадомҳо ва аз кай?
12:25 31.08.2022 (Навсозишуда: 13:08 01.09.2022) Тағйирот дар масири ҳаракати бархе аз навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе аз 1 сентябри соли равон мавриди амал қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Хатсайри автобусии таҳти рақами 13 лағв ва ба ҷои он мусофирбарҳои рақами 17 ба хатсайр мебароянд.
Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, шуруъ аз 1 сентябри соли 2022 дар хатсайри автобусии №13 бе тағйири нақшаи ҳаракат, рақами хати сайр иваз гардида, минбаъд ин масир таҳти рақами 17 фаъолият менамояд.
Таъкид шудааст, ки танҳо рақам иваз гардида, масири ҳаракат, ки аз кӯчаи Гагарин то маҳаллаи Авулро дар бар мегирад, бетағйир мемонад.
"Дар хатсайри №17 фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Гагарин, Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, А. Сино, А. Ғуломов то маҳаллаи Авул роҳандозӣ мегардад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин аз санаи 1 сентябри соли равон дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобусии №33 тагйирот ворид карда мешавад.
Ҳаракати автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, Дӯстии халқҳо, Н. Муҳаммад, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Шотемур, Қ. Раҳимов, Меҳнат, Шарқ, Лоиқ Шералӣ, Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ то бозори Кушониён ба роҳ монда мешавад, эълон намуд шаҳрдорӣ.
Мақомоти Душанбе аз шаҳрвандон хостаанд, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи "АКИА" истифода баранд. Таъкид шудааст, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.