Ҳавои рӯзи охири тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

© Sputnik Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе
Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Обуна шудан
Рӯзи охири тобистони соли равон дар Тоҷикистон бебориш дар назар буда, дар ғарби ВМКБ, Суғд, Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ҳарорат аз 30 дараҷа боло хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар бархе минтақаҳо шамол хоҳад вазид, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят 0+5 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар матлаб.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад, шамоли суст дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад, афзуд манбаъ.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро ҳавои камабри бебориш дар пеш аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар матлаби ҳавошиносон.
Лентаи хабарҳо
0