https://sputnik.tj/20220829/sokhtusozi-markazi-farhangi-tojikiston-ekaterinburg-rusiya-1051007541.html
Сохтусози Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Екатеринбурги Русия
Сохтусози Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Екатеринбурги Русия
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар гуфтугӯ бо мақомоти Екатеринбург густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг ва ҷалби сайёҳонро баррасӣ кард
2022-08-29T15:10+0500
2022-08-29T15:10+0500
2023-02-08T19:44+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҳамкорӣ
екатеринбург
тиҷорат
иқтисод
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1d/1051007186_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_40e935db96d81f70d245477e4805cbaa.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия дар гуфтугӯ бо Алексей Орлов, роҳбари шаҳри Екатеринбург барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои коргарӣ, ҳамкории ҳамаҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҷалби сайёҳон ва табодули фарҳангӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.Сафорати Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷудо кардани замин барои сохтмони маркази фарҳангӣ дар Екатеринбург баррасӣ шуд.Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода худи ҳамон рӯз бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин мулоқот анҷом дод.Зимни мулоқот тарафҳо масоили муҳими рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск, аз ҷумла, иштироки доираҳои соҳибкорӣ дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Русия, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ишора ба аҳаммияти густариши ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ҳавасмандии худро барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Русия изҳор намуда, аз доирахои соҳибкорӣ ҷиҳати ҳамкории фаъол даъват ба амал овард.
https://sputnik.tj/20220803/markazi-hamlu-naqlii-ekaterinburg-tojikiston-1050462757.html
екатеринбург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1d/1051007186_53:0:1190:853_1920x0_80_0_0_735fabf353188c1507f6a1d5299d8d70.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафорат, сафир, екатеринбург, русия , ҳамкорӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, маориф, тиҷорат
тоҷикистон, сафорат, сафир, екатеринбург, русия , ҳамкорӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, маориф, тиҷорат
Сохтусози Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Екатеринбурги Русия
15:10 29.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Сафири Тоҷикистон дар Русия дар гуфтугӯ бо мақомоти Екатеринбург густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг ва ҷалби сайёҳонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия дар гуфтугӯ бо Алексей Орлов, роҳбари шаҳри Екатеринбург барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои коргарӣ, ҳамкории ҳамаҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҷалби сайёҳон ва табодули фарҳангӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Сафорати Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷудо кардани замин барои сохтмони маркази фарҳангӣ дар Екатеринбург баррасӣ шуд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода худи ҳамон рӯз бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот тарафҳо масоили муҳими рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск, аз ҷумла, иштироки доираҳои соҳибкорӣ дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Русия, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ишора ба аҳаммияти густариши ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ҳавасмандии худро барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Русия изҳор намуда, аз доирахои соҳибкорӣ ҷиҳати ҳамкории фаъол даъват ба амал овард.