https://sputnik.tj/20220829/izhori-tasliyati-rahmon-orif-alvi-obkhezihoi-1051018782.html
Изҳори таслияти Раҳмон ба Ориф Алвӣ дар робита ба обхезиҳои ахир
Изҳори таслияти Раҳмон ба Ориф Алвӣ дар робита ба обхезиҳои ахир
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистонро марги садҳо нафар аз шаҳрвандони Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир дар ин икшвар сахт андуҳгин кардааст
2022-08-29T22:00+0500
2022-08-29T22:00+0500
2022-08-30T14:04+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
покистон
ҳамдардӣ
изҳори таслият
барқияи таслият
раисҷумҳур
обхезӣ
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046204974_0:0:2933:1651_1920x0_80_0_0_a47baf1355ee6683140fc3c0e8db143a.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба обхезиҳои ахир ва марги садҳо нафар дар Покистон ба Ориф Алвӣ, раисҷумҳури ин кишвар паёми таслиятӣ ирсол кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.Дафтари матбуоти раисҷумҳур матни паёми таслияти роҳбари давлатро нашр намудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст.Бинобар ин мусибати гарон Эмомалӣ Раҳмон ба Ориф Алвӣ, аҳли хонавода, ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Покистон таъзияи амиқ ва тасаллияти худро иброз намудааст.“Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам”, - гуфт раисҷумҳур.Ёдовар мешавем, ки дар пайи сели мудҳиши мудовим дар Покистон, калонсолону бачагон ба ҳалокат расиданду шаҳру деҳаҳои ин кишвар хароб мешаванд.Ба иттилои Идораи миллии мубориза бо офатҳои табии Покистон, шумори қурбониёни обхезӣ дар ин кишвар аллакай бештар аз ҳазор нафар аст.Танхо дар давоми 24 соати охир аз ин офати табиӣ 119 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 70 нафар осеб дидаанд. Дар Покистон вазъияти фавкулодда эълон шудааст.Қариб 950 ҳазор хона пурра ё кисман хароб шудааст.Мақомоти ин кишвар барои рафъи паёмадҳои обхезӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ кумак хостааст.
https://sputnik.tj/20220829/pokiston-ob-selu-obkhezi-kharob-aks-1051013592.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046204974_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3964e4ef609984ef9369cfd3b054367a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, покистон, эмомалӣ раҳмон, изҳори таслият, обхезӣ, марг, андуҳгин, паём, харобиовар
тоҷикистон, покистон, эмомалӣ раҳмон, изҳори таслият, обхезӣ, марг, андуҳгин, паём, харобиовар
Изҳори таслияти Раҳмон ба Ориф Алвӣ дар робита ба обхезиҳои ахир
22:00 29.08.2022 (Навсозишуда: 14:04 30.08.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистонро марги садҳо нафар аз шаҳрвандони Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир дар ин кишвар сахт андуҳгин кардааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба обхезиҳои ахир ва марги садҳо нафар дар Покистон ба Ориф Алвӣ, раисҷумҳури ин кишвар паёми таслиятӣ ирсол кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур матни паёми таслияти роҳбари давлатро нашр намудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст.
“Хабари фавти шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир боиси андӯҳи бепоёни мо гардид”, - таъкид кардааст роҳбари Тоҷикистон.
Бинобар ин мусибати гарон Эмомалӣ Раҳмон ба Ориф Алвӣ, аҳли хонавода, ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Покистон таъзияи амиқ ва тасаллияти худро иброз намудааст.
“Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам”, - гуфт раисҷумҳур.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи сели мудҳиши мудовим дар Покистон, калонсолону бачагон ба ҳалокат расиданду шаҳру деҳаҳои ин кишвар хароб мешаванд.
Ба иттилои Идораи миллии мубориза бо офатҳои табии Покистон, шумори қурбониёни обхезӣ дар ин кишвар аллакай бештар аз ҳазор нафар аст.
Танхо дар давоми 24 соати охир аз ин офати табиӣ 119 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 70 нафар осеб дидаанд. Дар Покистон вазъияти фавкулодда эълон шудааст.
Қариб 950 ҳазор хона пурра ё кисман хароб шудааст.
Мақомоти ин кишвар барои рафъи паёмадҳои обхезӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ кумак хостааст.