https://sputnik.tj/20220829/idomai-jutujui-zindonii-firori-maqomot-1051014522.html
Идомаи ҷустуҷӯи зиндонии фирорӣ аз сӯйи мақомот
Идомаи ҷустуҷӯи зиндонии фирорӣ аз сӯйи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Ҷустуҷӯи як нафар аз боздоштшудаи тоҷик аз боздошгоҳи рақами №1 шаҳри Душанбе, ки гуфта мешавад, бо мусоидати як зиндонбон фирор кардааст, идома дорад
2022-08-29T19:30+0500
2022-08-29T19:30+0500
2022-08-29T20:45+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
фирор
зиндонӣ
маҳбус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102313/01/1023130156_0:600:1280:1320_1920x0_80_0_0_c0563ca60c306cb76f237ab007cbc4bd.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳодисаи нопадидшавии ин маҳбус даҳ рӯз қабл рух додааст. Мақомот ҳодисаи фирори Аҳмадбек Саидовро, ки гуфта мешавад, сокини 35-солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аст, расман шарҳ надодаанд.Манобеъ аз мақомоти зиндонбонии ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи бедарак шудани Саидов ҳоло дар маҳкамаҳои тафтишотӣ ва маҳбасхонаҳои ҳудуди кишвар низоми казармавӣ ҷорӣ шудааст.Дар ҳамин ҳол ронандаҳои таксии масири Душанбе – Хуҷанд мегуянд, “беш аз даҳ рӯз ба ин тараф дар роҳҳои бузурги мошингард дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе ва даромадгоҳи шаҳри Хуҷанд постҳои шабона ташкил шуда мақомот дар даст акси маҳбуси гурехтаро дошта аз ронандагону мусофирон дар бораи дидани он мепурсанд”.Бар пояи иттилоъи дарёфтӣ Саидов дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 249 – и асноди ҷиноии кишвар “роҳзанӣ” муттаҳам дониста шуда 15 сол ба ин тараф дар шумори афроди ҷинояткор ҷустуҷӯ мешуд.Ӯ чанд рӯз қабл дар ҳудуди Русия дастгир шуда ба Тоҷикистон интиқол дода шуда буд.Зимнан ҷустуҷӯи ин маҳбуси фирорӣ аз сӯи мақомот идома дорад.
https://sputnik.tj/20220501/eloni-hukmi-amriddin-alovatshoev-dar-bozdoshtgoh-1048113601.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102313/01/1023130156_0:480:1280:1440_1920x0_80_0_0_580311c6c2451672b999d42dd438fd67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фирор, зиндонӣ, боздоштшуда, душанбе, ҷустуҷӯ
тоҷикистон, фирор, зиндонӣ, боздоштшуда, душанбе, ҷустуҷӯ
Идомаи ҷустуҷӯи зиндонии фирорӣ аз сӯйи мақомот
19:30 29.08.2022 (Навсозишуда: 20:45 29.08.2022) Ҷустуҷӯи як боздоштшудаи тоҷик аз боздошгоҳи рақами №1, шаҳри Душанбе, ки гуфта мешавад, бо мусоидати як зиндонбон фирор кардааст, идома дорад
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳодисаи нопадидшавии ин маҳбус даҳ рӯз қабл рух додааст. Мақомот ҳодисаи фирори Аҳмадбек Саидовро, ки гуфта мешавад, сокини 35-солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аст, расман шарҳ надодаанд.
Манобеъ аз мақомоти зиндонбонии ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи бедарак шудани Саидов ҳоло дар маҳкамаҳои тафтишотӣ ва маҳбасхонаҳои ҳудуди кишвар низоми казармавӣ ҷорӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол ронандаҳои таксии масири Душанбе – Хуҷанд мегуянд, “беш аз даҳ рӯз ба ин тараф дар роҳҳои бузурги мошингард дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе ва даромадгоҳи шаҳри Хуҷанд постҳои шабона ташкил шуда мақомот дар даст акси маҳбуси гурехтаро дошта аз ронандагону мусофирон дар бораи дидани он мепурсанд”.
Бар пояи иттилоъи дарёфтӣ Саидов дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 249 – и асноди ҷиноии кишвар “роҳзанӣ” муттаҳам дониста шуда 15 сол ба ин тараф дар шумори афроди ҷинояткор ҷустуҷӯ мешуд.
Ӯ чанд рӯз қабл дар ҳудуди Русия дастгир шуда ба Тоҷикистон интиқол дода шуда буд.
Зимнан ҷустуҷӯи ин маҳбуси фирорӣ аз сӯи мақомот идома дорад.