Азми кишоварзони Кӯшониён барои ҷамъоварии беш аз 26 ҳазор тон пахта

© Foto / Пресс-служба Таджикистана Сбор хлопка в Таджикистане
Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2022
Обуна шудан
Ҳавои гарми Хатлон ба сабзишу нашъунамои ниҳолони пахта таъсири мусбат расонд ва умед аст, ки деҳқонон нақшаи пешбинишударо иҷро кунанд, мегӯянд масъулин
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Кӯшониён, ки дар майдони беш аз 11 ҳазор гектар кишт шудаааст, оғоз гардид.
Хабаргузории "Ховар" бо такя ба дурнамо хабар додаст, ки кишоварзони Кӯшониён бояд 26,5 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ намоянд. Масъулини соҳа дар Хатлон изҳор доштаанд, ки ҳавои мусоиди имсола ба сабзишу нашъунамои ниҳолони пахта таъсири мусбӣ расонда, изҳори умед намудаанд, ки аз уҳдаи иҷрои нақша мебароянд.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар ноҳия асосан навъҳои "Австралӣ", "Флеш", "Хатлон –2014", "Бухоро" кишт шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон бар асоси дурнамо дар майдони 186 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида шудаст, ки ин нисбат ба соли гузашта ҳудуди 5 ҳазор гектар камтар аст.
Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
Дар Фархор корхонаи коркарди пахта ба истифода дода мешавад
Маъракаи ҷамъоварии пахта дар соли равон низ каме дертар оғоз мешавад. Соли гузашта аз нимаи август ҷамъоварии пахта дар бархе аз навоҳии ҷумҳурӣ оғоз гардида буд.
Дар Тоҷикистон пахта аз маҳсулоти асосии кишвоварзии Тоҷикистон мебошад, ки ба хориҷи кишвар содир мегардаду то чанд соли қабл дар баробари алюминий аз маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Аксаран ғундоштани пахта дар ҷумҳурӣ дастӣ сурат мегирад, чун техника на ҳамеша дар бахши кишоварзии кишвар дастрас аст.
Бар асоси омори расмӣ, соли равон дар кишвар 36 мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, аз он 27 адад барои ҷамъоварии пахта пурра омодаанд. Аз ин шумора 24 адад ба вилояти Суғд ва 11 адад ба вилояти Хатлон рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0