https://sputnik.tj/20220828/hushdor-video-gas-ushkov-1050993518.html
Ҳушдори Юшков аз гази 6-ҳазордолларӣ ва ғайрисаноатӣ шудани Аврупо - видео
Ҳушдори Юшков аз гази 6-ҳазордолларӣ ва ғайрисаноатӣ шудани Аврупо - видео
Sputnik Тоҷикистон
Оё Аврупо тавони таъмини худ бо нерӯро дорад ва нархи ниҳоии газ, ки метавонад иқтисодро барҳам занад, чанд аст - назари коршинос, Игор Юшков
2022-08-28T22:01+0500
2022-08-28T22:01+0500
2022-08-29T16:31+0500
видео
иқтисод
нарх
газ
аврупо
коршинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1c/1050993551_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_1281319bcbe5da9369f32f9399938f94.jpg
Нархи газ дар оғози тирамоҳ метавонад каме поин равад, аммо дар фасли сармо ва дар сурати нисбатан сард омадани он арзиши ин манбаи энержӣ метавонад то ба 5-6 ҳазор доллар расад. Ин нуктаро таҳлилгари Бунёди миллии амнияти энергетикӣ, Игор Юшков дар суҳбат бо Sputnik баён дошт. Вай ҳушдор дод, ки агар чунин ҳолат як соли дигар давом кунад, дар Аврупо ғайрисаноатисозӣ сурат хоҳад гирифт, чун корхонаҳо баста мешаванд.Юшков зикр намуд, ки ҷаҳиши нави нархи газ дар пасманзари эълони "Газпром" барои зарурати таҷдиди трубина сурат гирифт. Ӯ тавзеҳ дод, ки бо назардошти ин эҳтимолият, ки дар трубина бархе камбуди техникӣ ошкор шавад, кори он мутаваққиф гардад, бозигарони аврупоӣ дар биржа нархро боло мебаранд. Ба гуфтаи коршинос, Аврупо феълан гузинаи дигар надорад ва таъминоти иловагиро наметавонад фароҳам созад, чун ҳамаи таъминкунандагон бо тамоми қудраташон кор карда истодаанд. Вай ҳамчунин изҳори шубҳа кард, ки дар сурати камбуди газ дар яке аз кишварҳо, ҳамсоя мизоҷони дохилиро монда, ба он кишвар ин манбаи нерӯ интиқол диҳад. Ҳукуматҳои миллӣ пеш аз ҳама уҳдадоранд мардуми худ - интихобкунандагони худро таъмин намоянд, изҳор дошт Юшков. Тафсилоти бештарро дар суҳбати видеоии коршинос бишнавед.
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1c/1050993551_480:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_8d0b49f42d4d0f4e1b935da309d07561.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, коршинос, ғайрисаноатӣ, коршинос, аврупо
ҳушдор, коршинос, ғайрисаноатӣ, коршинос, аврупо
Ҳушдори Юшков аз гази 6-ҳазордолларӣ ва ғайрисаноатӣ шудани Аврупо - видео
22:01 28.08.2022 (Навсозишуда: 16:31 29.08.2022) Оё Аврупо тавони таъмини худ бо нерӯро дорад ва нархи ниҳоии газ, ки метавонад иқтисодро барҳам занад, чанд аст - назари коршинос, Игор Юшков
Нархи газ дар оғози тирамоҳ метавонад каме поин равад, аммо дар фасли сармо ва дар сурати нисбатан сард омадани он арзиши ин манбаи энержӣ метавонад то ба 5-6 ҳазор доллар расад.
Ин нуктаро таҳлилгари Бунёди миллии амнияти энергетикӣ, Игор Юшков дар суҳбат бо Sputnik баён дошт.
Вай ҳушдор дод, ки агар чунин ҳолат як соли дигар давом кунад, дар Аврупо ғайрисаноатисозӣ сурат хоҳад гирифт, чун корхонаҳо баста мешаванд.
Юшков зикр намуд, ки ҷаҳиши нави нархи газ дар пасманзари эълони "Газпром" барои зарурати таҷдиди трубина сурат гирифт. Ӯ тавзеҳ дод, ки бо назардошти ин эҳтимолият, ки дар трубина бархе камбуди техникӣ ошкор шавад, кори он мутаваққиф гардад, бозигарони аврупоӣ дар биржа нархро боло мебаранд.
Ба гуфтаи коршинос, Аврупо феълан гузинаи дигар надорад ва таъминоти иловагиро наметавонад фароҳам созад, чун ҳамаи таъминкунандагон бо тамоми қудраташон кор карда истодаанд. Вай ҳамчунин изҳори шубҳа кард, ки дар сурати камбуди газ дар яке аз кишварҳо, ҳамсоя мизоҷони дохилиро монда, ба он кишвар ин манбаи нерӯ интиқол диҳад.
Ҳукуматҳои миллӣ пеш аз ҳама уҳдадоранд мардуми худ - интихобкунандагони худро таъмин намоянд, изҳор дошт Юшков. Тафсилоти бештарро дар суҳбати видеоии коршинос бишнавед.