Қатори мусофирбар аз Душанбе ба Волгоград пас аз танаффуси беш аз 2-сола ба роҳ баромад

© SputnikЖД Вокзал в Душанбе
ЖД Вокзал в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2022
Обуна шудан
Ҳаракати қаторҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Русия, ки ба далели паҳншавии вируси корона дар соли 2020 қатъ гардида буд, дубора барқарор шуд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Аввалин қатори мусофирбар баъди танаффуси дусола аз Душанбе ба сӯйи Волгоград равон шуд.
Бар асари пандемияи коронавирус иртиботи қаторӣ миёни Тоҷикистону Русия ба муҳлати ду сол қатъ гардида буд.
Нархи билети ҷои нишаст 1434 сомонӣ, дар купе 1856 сомонӣ буд.
Сафар аз Душанбе бп Волгоград тақрибан 2,5 рӯзро ташкил медиҳад ва дар ин хатсайр ҳар ҳафта мусофиркашонӣ анҷом дода мешаванд.
Қарор аст, 7 сентябр боз як хатсайри дигар: Хуҷанд - Волгоград ба роҳ барояд.
Нахустин қатор бо садҳо мусофир аз Кӯлоб ба Русия расид
Фурӯши чиптаҳо барои ин масир аллакай боз аст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Волгоград рӯзи 16 август анҷом ёфт.
Лентаи хабарҳо
0