https://sputnik.tj/20220825/marhilai-nihoii-sokhtmoni-maktabi-rusi-khujand-1050935236.html
Марҳилаи ниҳоии сохтмони мактаби русӣ дар Хуҷанд – видео
Марҳилаи ниҳоии сохтмони мактаби русӣ дар Хуҷанд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Сохтмонии мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд, ки як сол ба ин тараф аз ҷониби Русия идома дорад, ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст
2022-08-25T16:57+0500
2022-08-25T16:57+0500
2022-08-26T16:48+0500
маориф
мактаб
мактаби русӣ
хуҷанд
марҳилаи ниҳоӣ
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/19/1050935036_0:0:1024:576_1920x0_80_0_0_235dd7860260b7708ff78ffb3506f33b.jpg
Гуфта мешавад, тамоми шароити омӯзишу варзиш дар мактаби русӣ дар вилояти Суғд фароҳам хоҳад шуд.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҷараёни сохтмони мактаби русӣ ошно шуд.Ҳоло беш аз 400 бинокору сохтмончиҳо шабурӯз кор мекунанд то иншооти мазкур дар вақти пешбинишуда ба истифода супорида шавад.Мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд 1 сентябр дари худро ба рӯи толибилмон боз мекунад - аксБино ба гуфти сохтмончиҳо ин мактаб аз чаҳор блок ва се ошёна иборат буда, дар канори он майдони футбол, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш мавҷуд мебошад. Дар дохили мактаб бунёди толори зимистонаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ низ ба нақша гирифта шудааст.Ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои бунёди ин мактаб як соли пеш аз ҳудуди маҳаллаи 8 уми шаҳр чанд наздик ба 3 га замин ҷудо намуда буд.Мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон китобҳои нав дастрас кардандМактаби муосири русӣ дар Хуҷанд яке аз панҷ мактабе аст, ки аз ҷониби Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб Турсунзода сохта шудааст.Ҳар кадом чунин мактабҳо товони қабули беш аз 1200 хонандаро доранд.Чанде пеш Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия гуфта буд, ки ин кишвар барои сохтмони чунин мактабҳо 150 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/19/1050935036_121:0:889:576_1920x0_80_0_0_a9672295664c06cf77fba72a0cbb9cd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, сохтмон, мактаб, мактаби русӣ, маориф, марҳилаи ниҳоӣ
тоҷикистон, хуҷанд, сохтмон, мактаб, мактаби русӣ, маориф, марҳилаи ниҳоӣ
Марҳилаи ниҳоии сохтмони мактаби русӣ дар Хуҷанд – видео
16:57 25.08.2022 (Навсозишуда: 16:48 26.08.2022) Сохтмони мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд, ки як сол ба ин тараф аз ҷониби Русия идома дорад, ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст
Гуфта мешавад, тамоми шароити омӯзишу варзиш дар мактаби русӣ дар вилояти Суғд фароҳам хоҳад шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҷараёни сохтмони мактаби русӣ ошно шуд.
Ҳоло беш аз 400 бинокору сохтмончиҳо шабурӯз кор мекунанд то иншооти мазкур дар вақти пешбинишуда ба истифода супорида шавад.
Бино ба гуфти сохтмончиҳо ин мактаб аз чаҳор блок ва се ошёна иборат буда, дар канори он майдони футбол, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш мавҷуд мебошад. Дар дохили мактаб бунёди толори зимистонаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои бунёди ин мактаб як соли пеш аз ҳудуди маҳаллаи 8 уми шаҳр чанд наздик ба 3 га замин ҷудо намуда буд.
Мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд яке аз панҷ мактабе аст, ки аз ҷониби Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб Турсунзода сохта шудааст.
Ҳар кадом чунин мактабҳо товони қабули беш аз 1200 хонандаро доранд.
Чанде пеш Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия гуфта буд, ки ин кишвар барои сохтмони чунин мактабҳо 150 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.