Ҷамъоварии 1 миллион тонна сабзавот дар Тоҷикистон

© Пресс служба президента РТСбор картофеля, архивное фото
Сбор картофеля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Имсол кишоварзони Тоҷикистон дар майдони ҳудуди 38 ҳазору 422 гектар замин сабзавот коридаанд ва ҳоло дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил идома дорад
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст, иттилоъ додааст Вазорати кишоварзӣ.
Тибқи иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир дар республика чамъоварии сабзавот давом дорад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар соли ҷорӣ 38 ҳазору 422 гектар замин, аз ҷумла дар ВМКБ 410 гектар, дар Суғд 9 ҳазору 108 гектар, дар Хатлон 20 ҳазору 687 гектар ва дар НТҶ 8 ҳазору 218 гектар замин барои коридани сабзавот истифода шудааст.
Дар кишвар дар 31 ҳазору 954 гектар, аз ҷумла 59 гектар дар ВМКБ, 4 ҳазору 687 гектар дар вилояти Суғд, 20 ҳазору 205 гектар дар вилояти Хатлон ва 7 ҳазору 3 гектар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд.
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Кӣ рост мегӯяд: Вазорати кишоварзӣ ё Агентии содирот?
Вазорати кишоварзӣ хабар додааст, ки дар маҷмуъ 983 ҳазору 635 тонна сабзавот ҷамъовари шудааст.
“Аз ҷумла 428 ҳазору 940 тонна пиёз, 42 ҳазору 845 тонна карам, 197 ҳазору 714 тонна помидор, 108 ҳазору 358 тонна бодиринг, 102 ҳазору 248 ҳазор тонна сабзӣ ва 103,7 тонна дигар сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд”, - иттилоъ додааст вазорат.
Зимнан, ҳаҷми ҳосили мева дар ҷумҳурӣ 139 ҳазору 785 тонна ва ангур 32 ҳазору 85 тоннаро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0