Қаноатмандии Тоҷикистон аз ваъзи кунунии ҳамкорӣ бо Русия

© МИД РТПосол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода и Заместитель министра иностранных дел РФ Андрей Руденко
Посол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода и Заместитель министра иностранных дел РФ Андрей Руденко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон вазъи имрӯзаи ҳамкорӣ бо Русияро қаноатбахш медонанд ва хостори рушди минбаъдаи равобит бо ин кишвар мебошанд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Рушди минбаъдаи робитаҳои Душанбеву Маскав дар мулоқоти Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Андрей Руденко, муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар матраҳ шуд, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз ваъзи кунуни ҳамкории ду кишвар масоили марбут ба рушди минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Миёни ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт”, - таъкид кардааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар идомаи мулоқот ҳайати Русияро барои ширкат варзидан дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Тоҷикистон-Русия”, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад, даъват намуд.
Флаги России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Нигаронии дабирони амнияти Русия ва Тоҷикистон аз хатари террористон дар Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки Русия яке аз муҳимтарин шарикони иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар 5 соли охир, маблағгузорӣ ба Тоҷикистон ба 5 млрд. доллари амрикоӣ расид, ки ҳамасола маблағгузории Русия ба иқтисодиёти ҷумҳуриамон 37-40% маблағгузории берунаи Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Федератсияи Русия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 8 апрели соли 1992 робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Аз соли 1992 то ба соли 2022 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия беш аз 250 созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.
Лентаи хабарҳо
0