Ҳунарманди тоҷик дар филми нави ҳаҷвии русӣ нақши асосиро бозидааст: видео

© Youtube-канал "Кино афиша VS"Актер Парвиз Пулоди в фильме "Лена и справедливость"
Актер Парвиз Пулоди в фильме Лена и справедливость - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Яке аз ҳунармандони маъруфи синамои Тоҷикистон дар филми ҳаҷвии нави русӣ нақши як коргари муҳоҷири ошиқро иҷро кардааст
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Парвиз Пӯлодӣ, ҳунарманди тоҷик дар филми нави русии "Лена ва адолат" нақши асосиро бозидааст.
Филм бо иштироки ҳунарпешаҳои маъруф ба мисли Анна Уколова, Александр Обласов, Виталий Кишенко, Сабина Аҳмадова рӯзи 25 август пешкаши ҳаводоронаш мегардад.
Илова бар ин, дар филм ҳунарпешаи дигари тоҷик Сороҷон Сабзалиева бозӣ кардааст.
Пӯлодӣ нақши як муҳоҷири тоҷики ошиқро бозидааст, ки бе ягон санад ба Русия рафт ва ба ин далел наметавонад зиндагии шахсии худро ба роҳ монд.
Ҳолати ӯ ба ҳадде ногувор аст, ки ҳар лаҳза метавонанд ӯро аз кишвар ихроҷ кунад.
Дар маркази филмнома- модари шуҷоъ ва се фарзанд Лена ва ҳамҳуҷрааш Мақсуди меҳрубону тарсӯ (ред. Парвиз Пӯлодӣ) аз хонаводаи зиёӣ.
Ин ҷуфт даҳ сол аст, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, хоҷагӣ пеш мебаранд ва фарзандонро тарбия мекунанд, аммо онҳо наметавонанд расман муносибатро ба расмият дароранд, зеро ин мард шиноснома надорад.
Аммо зан ҳанӯз ҳам орзуи тӯйи афсонавӣ дар тан либоси сафед ва зиндагии хушбахтона бо фарзандону шавҳарашро дорад.
Дар ин филмнома ҳамзамон мавзуъҳои муҳим, монанди ёрии ҳамдигарӣ, эҳтиром, гуногунии маданият ва ва ҳамгироӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Филми комедиоӣ кори коргардон Екатерина Вешева буда, сенарияро Елена Кисёлева навиштааст.
Лентаи хабарҳо
0