https://sputnik.tj/20220824/tashkil-komissiya-ruznomanigoron-1050917901.html
Ташкили комиссия: ваъдаи толибҳо барои расидагии фаврӣ ба арзи рӯзноманигорон
Ташкили комиссия: ваъдаи толибҳо барои расидагии фаврӣ ба арзи рӯзноманигорон
Sputnik Тоҷикистон
Толибҳо ваъда доданд, ки ба ҳар шикояти расонаҳо алайҳи мақомдорони ин гуруҳ ва ё қудратиҳо ба таври фаврӣ вокуниш нишон хоҳанд дод
2022-08-24T19:20+0500
2022-08-24T19:20+0500
2022-08-24T19:20+0500
дар ҷаҳон
толиб
расона
рӯзноманигор
шикоят
афғонистон
комиссия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_0:52:3012:1746_1920x0_80_0_0_09d974c7814931c097c53e5e9bf2c95d.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҷаласаи нахустини Комиссияи толибҳо дар умури васоити ахбори омма баргузор шуд, хабар Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гуруҳ. Sputnik Афғонистон аз қавли Муҷоҳид овардааст, ки ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати ҷадиди Афғонистон, Хайруллоҳ Хайрхоҳ баргузор шуд. Таъкид гардидааст, ки намояндагони расонаҳо низ ба ҷаласаи мазкур роҳ дода шуданд. Қарор шудааст, ки минбаъд рӯзноманигорон метавонанд арзу шикоятҳои худро дар мавриди аъмоли мақомдорон ва ё қудратиҳои толибҳо ба комисияи мазкур ирсол намоянд. "Тамоми шикояту муроҷиатҳои дарёфтшуда фавран ба баррасӣ гирифта шуда, ҳал мегарданд", - изҳор доштаст Муҷоҳид. Вай илова намуд, ки комиссияи ВАО бо назардошти арзишҳои исломӣ, миллӣ ба манфиати кишвару ҷамъият фаъолият хоҳад кард. Ташкили комиссия дар пасманзари баҳсҳо сари зарурати бастани рӯйи занон - кормандони телевизион зимни намоишҳо роҳандозӣ гардид.Толибҳо ҳукуматро дар Афғонистон нимаи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эътирофи машрӯият аз ҳукуматдорони ҷадид ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқи занон, аз ҷумла ҳаққи бонувон ба кору таҳсилро талаб дорад.
https://sputnik.tj/20220823/tolib-zanon-pulis-kor-1050883715.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_b03b77923f0a1b9bb5cefcb5f9e31ce2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваъда, толибҳо, арз, шикоят, мушкил, рӯзноманигор
ваъда, толибҳо, арз, шикоят, мушкил, рӯзноманигор
Ташкили комиссия: ваъдаи толибҳо барои расидагии фаврӣ ба арзи рӯзноманигорон
Толибҳо ваъда доданд, ки ба ҳар шикояти расонаҳо алайҳи мақомдорони ин гуруҳ ва ё қудратиҳо ба таври фаврӣ вокуниш нишон хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҷаласаи нахустини Комиссияи толибҳо дар умури васоити ахбори омма баргузор шуд, хабар Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гуруҳ.
Sputnik Афғонистон аз қавли Муҷоҳид овардааст, ки ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати ҷадиди Афғонистон, Хайруллоҳ Хайрхоҳ баргузор шуд.
Таъкид гардидааст, ки намояндагони расонаҳо низ ба ҷаласаи мазкур роҳ дода шуданд.
Қарор шудааст, ки минбаъд рӯзноманигорон метавонанд арзу шикоятҳои худро дар мавриди аъмоли мақомдорон ва ё қудратиҳои толибҳо ба комисияи мазкур ирсол намоянд.
"Тамоми шикояту муроҷиатҳои дарёфтшуда фавран ба баррасӣ гирифта шуда, ҳал мегарданд", - изҳор доштаст Муҷоҳид.
Вай илова намуд, ки комиссияи ВАО бо назардошти арзишҳои исломӣ, миллӣ ба манфиати кишвару ҷамъият фаъолият хоҳад кард.
Ташкили комиссия дар пасманзари баҳсҳо сари зарурати бастани рӯйи занон - кормандони телевизион зимни намоишҳо роҳандозӣ гардид.
Толибҳо ҳукуматро дар Афғонистон нимаи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эътирофи машрӯият аз ҳукуматдорони ҷадид ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқи занон, аз ҷумла ҳаққи бонувон ба кору таҳсилро талаб дорад.