Пешгӯии гармии рекордӣ дар Маскав ва ҳушдори ҳавошиносон

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкОтдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Обуна шудан
Ҳавошиносон аз гармии аз ҳад зиёд тайи ду рӯзи оянда дар Маскав ҳушдор дода, таъкид мекунанд, ки ҳарорат метавонад рекорди қариб як аср пешро шиканад
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Маскав ҳавои хушку офтобӣ ва то +33 дараҷа гарм дар назар аст, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Елена Волосюк, масъули маркази ҳавошиносии "Фобос".
Ба иттилои манбаъ, ҳарорати ҳаво дар рӯзи 24 август метавонад рекорди ҳарорати соли 1938-ро шиканад, ки расо ба +33 дараҷа гармӣ баробар буд.
"Дар Маскав ҳавои гарми хушк ва офтобӣ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво аз нишондоди миёнаи солҳои қаблӣ ҳудуди 8 дараҷа гармтар хоҳад шуд", - изҳор доштаст Волосюк.
Ҳавои рӯзи 25 август низ дар Маскав гарму хатардор пешгӯӣ мешавад. Ҳушдор аз хатари сӯхтор дар шаҳр ва вилояти Маскав то соати 14.00-и 25 август амал мекунад.
Илова бар ин, дар Маскав аз соати 12.00-и 25-уми август то 18.00-и он рӯз ҳарорати нисбатан баланди ҳаво пешгӯӣ мегардад.
Инчунин таъкид шудаст, ки дар пойтахти Русия бар асари сӯхторҳои ҷангал дар манотиқи ҳамсоя ҳанӯз тирагии андаке вуҷуд дорад, аммо бӯи сӯхтор дар аксари манотиқ дигар эҳсос намешавад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳаво дар шимолу ғарб ва ғарби Маскав нисбатан тоза аст, дар марказ падидаҳои боқимонда аз сӯхтор ҳанӯз эҳсос мешаванд.
Инчунин дар шимолу шарқ ва ҷанубу ғарб бӯи сӯхтор ҳанӯз эҳсос мешавад. Дар шарқ ва ҷануби пойтахт туман ва бӯй тамоман нест, омадааст дар матлаб.
Лентаи хабарҳо
0