https://sputnik.tj/20220823/uzbekiston-dargiri-marz-afghoniston-1050880727.html
Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро шарҳ дод
Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Даҳҳо шаҳрванди Афғонистон, ки ғайриқонунӣ марзи Ӯзбекистонро нақз карданд, ба талаботи қонунии марзбонони ӯзбек итоат накарда, муқобилият нишон додаанд
2022-08-23T10:18+0500
2022-08-23T10:18+0500
2022-08-23T13:35+0500
осиёи марказӣ
толиб
афғонистон
амният ва мудофиа
ӯзбекистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102807/23/1028072368_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_45a74f9b8318a62af7e4a6c3d1e3ed1d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷазираи марзиро таҳти назорат қарор дода, 24 марзшиканро боздошт намудаст. Мақомоти марзбонии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия гуфт, дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарё як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳояшон ба ҷазираи мазкур омадаанд. Таъкид шудааст, ба гуруҳи марзбонон, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд. "Дар натиҷаи гузарондани амалиёт 24 нафар барои марзшиканӣ боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад", - омадааст дар иттилоия. Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа ба миқдори зиёд мерӯяд.Қаблан сухангӯи пулиси толибҳо дар вилояти Балх, Мавлавӣ Идрис низ ба Sputnik Афғонистон рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ кард, аммо тафсилоти зиёд ироа накард. Ӯ изҳор дошт, ки намояндагони мақомоти маҳаллии толибҳо ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли гузашта толибҳо ғасб карда, таъкид намуданд, ки аз қаламрави ин кишвар барои ҳамсояҳо ҳеч таҳдиде ҷой надорад.
https://sputnik.tj/20220820/rahbari-tolibon-agar-shariat-ijoza-nadihad-bo-hich-kishvare-taomul-nakhohem-kard-1050839166.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102807/23/1028072368_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_2944cfb61d67a325355b6d43ab383828.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз, ӯзбекистон, афғонистон, ҳодиса
марз, ӯзбекистон, афғонистон, ҳодиса
Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро шарҳ дод
10:18 23.08.2022 (Навсозишуда: 13:35 23.08.2022) Даҳҳо шаҳрванди Афғонистон, ки ғайриқонунӣ марзи Ӯзбекистонро нақз карданд, ба талаботи қонунии марзбонони ӯзбек итоат накарда, муқобилият нишон додаанд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷазираи марзиро таҳти назорат қарор дода, 24 марзшиканро боздошт намудаст.
Мақомоти марзбонии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия гуфт, дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарё як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳояшон ба ҷазираи мазкур омадаанд.
Таъкид шудааст, ба гуруҳи марзбонон, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд.
"Дар натиҷаи гузарондани амалиёт 24 нафар барои марзшиканӣ боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа ба миқдори зиёд мерӯяд.
Қаблан сухангӯи пулиси толибҳо дар вилояти Балх, Мавлавӣ Идрис низ ба Sputnik Афғонистон рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ кард, аммо тафсилоти зиёд ироа накард.
Ӯ изҳор дошт, ки намояндагони мақомоти маҳаллии толибҳо ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли гузашта толибҳо ғасб карда, таъкид намуданд, ки аз қаламрави ин кишвар барои ҳамсояҳо ҳеч таҳдиде ҷой надорад.