https://sputnik.tj/20220823/musofirbari-dushanbe-khusus-chi-medonem-1050897609.html
Мусофирбарӣ дар шаҳри Душанбе: Дар ин хусус чӣ медонем?
Мусофирбарӣ дар шаҳри Душанбе: Дар ин хусус чӣ медонем?
Sputnik Тоҷикистон
Пойтахти Тоҷикистон таҷдиди зерсохтори нақлиётии худро идома медиҳад ва дар ояндаи наздик дар роҳҳои Душанбе автобусу троллейбусҳои муосир пайдо мешаванд
2022-08-23T20:40+0500
2022-08-23T20:40+0500
2022-08-24T17:14+0500
тасвирбаён
нақлиёт
душанбе
рушд
мусофирбар
пойтахт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/17/1050894285_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_ddf24bb6cba2b9ed82d193abade6a299.png
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, барои ҳамлу нақли мусофирон, дар маҷмуъ 5937 нақлиёти истифодаи умум барои мусофирон, аз ҷумла 788 нақлиёти корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 3592 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиёти пойтахт қарор доранд.Тибқи иттилои манбаъ, дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 406 автобус, 78 троллейбус, 1004 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2505 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар мешаванд.Мақомоти Душанбе яке аз хатсайрҳои автобусро аз байн мебарандШаҳрдорӣ қайд кардааст, ки тибқи шартнома хариди 20 электробуси замонавии то 200 км бо неруи барқ ҳаракаткунанда ва 10 электро-троллейбуси худрави муосири то 40 км бе пайвастшавӣ ба хатти неруи барқ ҳаракаткунанда, инчунин, ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани электробусҳо хариди 10 таҷҳизоти қувватдиҳанда ба нақша гирифта шудааст.“Ба хотири азнавсозии инфрасохтори корхонаҳои нақлиётии пойтахт лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе” бо маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 8,8 миллион доллар фаъолият намуда, дар доираи он то инҷониб 4,5 миллион доллар аз худ гардид”, - зикр кардааст шаҳрдорӣ.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/17/1050894285_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_5194799a47173264fdbb65713ad1c13e.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, нақлиёт, мусофирбарорӣ, автобус, троллейбус, муосир
тоҷикистон, душанбе, нақлиёт, мусофирбарорӣ, автобус, троллейбус, муосир
Мусофирбарӣ дар шаҳри Душанбе: Дар ин хусус чӣ медонем?
20:40 23.08.2022 (Навсозишуда: 17:14 24.08.2022) Пойтахти Тоҷикистон таҷдиди зерсохтори нақлиётии худро идома медиҳад. Дар ояндаи наздик дар роҳҳои Душанбе автобусу троллейбусҳои муосир пайдо мешаванд
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, барои ҳамлу нақли мусофирон, дар маҷмуъ 5937 нақлиёти истифодаи умум барои мусофирон, аз ҷумла 788 нақлиёти корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 3592 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиёти пойтахт қарор доранд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 406 автобус, 78 троллейбус, 1004 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2505 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар мешаванд.
Шаҳрдорӣ қайд кардааст, ки тибқи шартнома хариди 20 электробуси замонавии то 200 км бо неруи барқ ҳаракаткунанда ва 10 электро-троллейбуси худрави муосири то 40 км бе пайвастшавӣ ба хатти неруи барқ ҳаракаткунанда, инчунин, ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани электробусҳо хариди 10 таҷҳизоти қувватдиҳанда ба нақша гирифта шудааст.
“Ба хотири азнавсозии инфрасохтори корхонаҳои нақлиётии пойтахт лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе” бо маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 8,8 миллион доллар фаъолият намуда, дар доираи он то инҷониб 4,5 миллион доллар аз худ гардид”, - зикр кардааст шаҳрдорӣ.