https://sputnik.tj/20220823/hushdor-sel-piryakh-tojikiston-1050879499.html
Ҳушдор аз селҳои пиряхӣ дар Тоҷикистон
Ҳушдор аз селҳои пиряхӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро тайи ду рӯзи оянда хатари офатҳои табиӣ таҳдид мекунад. Ҳавошиносон мегӯянд, махсусан сокинони навоҳии куҳиро хатар дар пеш аст
2022-08-23T09:18+0500
2022-08-23T09:18+0500
2022-08-23T13:41+0500
дар тоҷикистон
ҳаво
обу ҳаво
пешгӯӣ
сел
гарм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049189166_0:75:800:525_1920x0_80_0_0_4c3ebcebcad2a6033beac6fa71561bce.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, хатари офатҳои табиӣ рӯзҳои 23-24 август ҷой дорад. Ожонси ҳавошиносӣ афзуд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм дар назар аст. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш ва чангу ғубори суст дар пеш аст. Ҳаво шабона 16+18 гарм, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20220821/sel-sharq-afghoniston-kusha-zakhmi-1050849517.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049189166_0:0:800:600_1920x0_80_0_0_bf191040b875dbdebfd70cd7d3035068.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ, ҳаво, рӯз, оянда, тоҷикистон
пешгӯӣ, ҳаво, рӯз, оянда, тоҷикистон
Ҳушдор аз селҳои пиряхӣ дар Тоҷикистон
09:18 23.08.2022 (Навсозишуда: 13:41 23.08.2022) Тоҷикистонро тайи ду рӯзи оянда хатари офатҳои табиӣ таҳдид мекунад. Ҳавошиносон мегӯянд, махсусан сокинони навоҳии кӯҳистониро хатар дар пеш аст
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, хатари офатҳои табиӣ рӯзҳои 23-24 август ҷой дорад.
Ожонси ҳавошиносӣ афзуд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш ва чангу ғубори суст дар пеш аст. Ҳаво шабона 16+18 гарм, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.