https://sputnik.tj/20220823/azm-maqomot-jalb-sarmoyaguzoron-kulob-1050882125.html
Азми мақомот барои ҷалби сармоягузорон ба Кӯлоб
Азми мақомот барои ҷалби сармоягузорон ба Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишу мулоқот азм доранд, бо татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ маблағ ҷалб созанд
2022-08-23T11:20+0500
2022-08-23T11:20+0500
2022-08-23T13:26+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сармоя
кӯлоб
форум
лоиҳа
маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/16/1031943728_0:136:2937:1788_1920x0_80_0_0_3c71259cff81a5ba01c905642639843b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Шаҳри Кӯлоб мизбони Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" мешавад, хабар дод дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон. Ба иттилои манбаъ, баргузории ин чорабинӣ 26 август дар назар аст. Тавзеҳ дода шуд, ки дар доираи форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон мегардад."Аз ин рӯ аз тамоми сармоягузорон хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" иштирок намоянд", - омадааст дар иттилоия. Нақшаи баргузории ин чорабинӣ дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Форуми байнулмилалии "Pamir Invest 2022" дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд. Бархе манобеъ аз созишҳо ба маблағи даҳҳо миллион доллари амрикоӣ миёни ҳукумат ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ хабар доданд, ки дар доираи форум дар Помир ҳосил шудаанд. Таъкид гардид, ки аксари тарҳҳо дар Хоруғ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла зикр шуд, ки ҳукумат шаҳрро пурра бозсозӣ хоҳад кард. Масалан, ширкатҳои сохтмонии ватаниву муштарак дар шаҳр 20 бинои нуҳманзила хоҳанд сохт. Варзишгоҳи Хоруғ бозсозӣ мешавад ва боғи шаҳр пурра аз нав сохта хоҳад шуд. Раёсати нақлиёти шаҳрӣ низ автобусу мусофиркашонҳои нав дастрас хоҳад кард, афзуд манбаъ. Мақомоти Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишу мулоқот азм доранд, бо татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ маблағ ҷалб созанд.
https://sputnik.tj/20220806/kulob-sohibkoron-turkiya-eron-belgiya-sarmoyaguzori-1050535471.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/16/1031943728_186:0:2751:1924_1920x0_80_0_0_5466be21130e4dae76f0f72c4d5dfa69.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талош, мақомот, ҷалб, сармоя, кӯлоб
талош, мақомот, ҷалб, сармоя, кӯлоб
Азми мақомот барои ҷалби сармоягузорон ба Кӯлоб
11:20 23.08.2022 (Навсозишуда: 13:26 23.08.2022) Мақомоти Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишу мулоқот азм доранд, барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ маблағ ҷалб созанд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Шаҳри Кӯлоб мизбони Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" мешавад, хабар дод дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон. Ба иттилои манбаъ, баргузории ин чорабинӣ 26 август дар назар аст.
Тавзеҳ дода шуд, ки дар доираи форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон мегардад.
"Аз ин рӯ аз тамоми сармоягузорон хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" иштирок намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Нақшаи баргузории ин чорабинӣ дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Форуми байнулмилалии "Pamir Invest 2022" дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд.
Бархе манобеъ аз созишҳо ба маблағи даҳҳо миллион доллари амрикоӣ миёни ҳукумат ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ хабар доданд, ки дар доираи форум дар Помир ҳосил шудаанд. Таъкид гардид, ки аксари тарҳҳо дар Хоруғ амалӣ мешаванд.
Аз ҷумла зикр шуд, ки ҳукумат шаҳрро пурра бозсозӣ хоҳад кард. Масалан, ширкатҳои сохтмонии ватаниву муштарак дар шаҳр 20 бинои нуҳманзила хоҳанд сохт. Варзишгоҳи Хоруғ бозсозӣ мешавад ва боғи шаҳр пурра аз нав сохта хоҳад шуд. Раёсати нақлиёти шаҳрӣ низ автобусу мусофиркашонҳои нав дастрас хоҳад кард, афзуд манбаъ.
Мақомоти Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишу мулоқот азм доранд, бо татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ маблағ ҷалб созанд.