Путин гуфт, ки Русия чӣ гуна сиёсатро пеш мегирад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидента РФ В. Путин
Президента РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
Обуна шудан
Талоши зиндагӣ кардан бо ихтиёри худ ва роҳ надодан ба фармонравоии хориҷӣ дар тору пуди русиягиҳо ҷой гирифтааст, изҳор дошт раисҷумҳури ФР
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Русия ҳамчун як қудрати тавоно ва мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ танҳо ҳамон сиёсатҳоеро пеш мебарад, ки ба манфиатҳои бунёдии он ҷавобгӯ бошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ, ки ҳамасола 22 август таҷлил мешавад, баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки хоҳиши зиндагӣ мувофиқи хости худ, роҳ надодан ба диктаи беруна бахше аз коди генетикии русиягиҳост.
"Русия як давлати абарқудрати соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ аст. Мо дар арсаи байналмилалӣ танҳо ҳамон сиёсатҳоеро пеш мебарем, ки ба манфиатҳои бунёдии Ватан мувофиқат кунанд", - гуфт афзуд ӯ.
Вай қайд кард, ки парчами Русия, ки беш аз се аср пеш дар нахустин киштии ҷангии Русия барафрохта шуда буд, рамзи кишвар дар давраҳои душвори таърихӣ - дар замони Пётри Якум дар марҳилаи ташкили империяи Русия, дар майдонҳои ҷанги якуми чаҳон ва дар замони душвору дигаргунихои куллии солҳои 90-ум боқӣ мондаст.
Раисҷумҳур афзуд, ки парчами серанга феълан ба ҳаёти шаҳрвандон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи давлатдории Русия, рамзи ваҳдати мардум, садоқати онҳо ба Ватан, омодагии онҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ворид шудааст.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2022
Шойгу: Инзивои Русия татбиқнашаванда мебошад
"Парчами давлатӣ рамзи садоқат ба арзишҳои суннатии мост, ки мо ҳеҷ гоҳ аз онҳо дур нахоҳем шуд – ҳақиқат ва адолат, ҳамбастагӣ ва шафқат, эҳтиром ба таърихи чандинасраи Русия, ба дастоварду пирӯзиҳои аҷдодон мебошад, ки моро васият карданд ҳеч гоҳ ба фармонравоии хориҷӣ роҳ надиҳем", - изҳор дошт Путин.
Ӯ изҳор дошт, ки парчами Русия барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносӣ барои ояндаи Ватан хизмат мекунад.
Президент иттилоъ дод, ки аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ ҳафтаи хониш дар тамоми мактабҳои кишвар бо маросими тантанавии барафрохтани парчам ва хондани суруди миллӣ оғоз мешавад.
Путин изҳори итминон кард, ки парчами Русия барои тамоми наслҳои шаҳрвандони кишвар то абад рамзи муқаддас боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0