https://sputnik.tj/20220822/kudak-sola-khatlon-gharq-1050858318.html
Кӯдаки 9-сола дар Хатлон ғарқ шуд
Кӯдаки 9-сола дар Хатлон ғарқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиаи маргбор дар вилояти Хатлон рух дод, ки дар натиҷа кӯдаки 9-сола ҷон додааст. Мақомоти тоҷик аз шаҳрвандон хостанд, ки фарзандонро беназорат нагузоранд
2022-08-22T11:01+0500
2022-08-22T11:01+0500
2022-08-22T13:37+0500
дар тоҷикистон
ғарқ
об
кӯдак
хатлон
ёвон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/03/1049704013_0:310:2953:1971_1920x0_80_0_0_3b61a3f9c578b622fa4772c6e052e039.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Ёвон як кӯдаки хурдсол бар асари бетаваҷҷуҳии волидон ба ҳалокат расидааст, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи маргбор дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. КҲФ тавзеҳ дод, ки сокини 9-солаи деҳаи Баҳор, ки ба сайру гашт баромада будаст, ғарқ шудаст. Маълум шуд, ки писарбача тасмим гирифтааст, ки дар канали байни маҳалла шино кунад, ки дар натиҷа ғарқ гардидаст. Мақомот гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо намудани ҷасади кӯдак идома доранд. "Сабаби марги кӯдак беэҳтиётии волидайн аст, ки ӯро бе назорат дар як ҳавз гузоштаанд", - гуфт КҲФ-и кишвар. КҲФ ба волидон хотиррасон кардааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд, бахусус дар наздикии об. Таъкид шудааст, ки қоидаҳои бехатариро дар ҳавзу дарёҳо риоя намоянд. Оббозӣ берун аз майдонҳои муҷаҳҳаз манъ аст ва ба ҳаёт хатар дорад, таъкид намуд КҲФ. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар 6 моҳи соли равон ба хотири риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 84 нафар дар рӯдхонаҳо ва обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 маврид бештар аст.Дар миёни ғарқшудагон 7 кӯдаки то 4 сола, 15 кӯдаки аз 5 то 10 сола, 24 нафар ноболиғон аз 11 то 16 сола, 27 нафар аз ҷавонон аз 17 то 35 сола ва 11 нафари дигар аз 35 сола боло ғарқшуда ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220614/tavsiyaho-khf-zinda-daryo-1049172444.html
ёвон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/03/1049704013_107:0:2838:2048_1920x0_80_0_0_7b59786ee319ac10768a5f25923f023d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марг, кӯдак, хатлон, беэҳтиётӣ, волидон
марг, кӯдак, хатлон, беэҳтиётӣ, волидон
Кӯдаки 9-сола дар Хатлон ғарқ шуд
11:01 22.08.2022 (Навсозишуда: 13:37 22.08.2022) Фоҷиаи маргбор дар вилояти Хатлон рух дод, ки дар натиҷа як кӯдаки 9-сола ҷон додааст. Мақомоти тоҷик аз шаҳрвандон хостанд, ки фарзандонро беназорат нагузоранд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Ёвон як кӯдаки хурдсол бар асари бетаваҷҷуҳии волидон ба ҳалокат расидааст, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи маргбор дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст.
КҲФ тавзеҳ дод, ки сокини 9-солаи деҳаи Баҳор, ки ба сайру гашт баромада будаст, ғарқ шудаст. Маълум шуд, ки писарбача тасмим гирифтааст, ки дар канали байни маҳалла шино кунад, ки дар натиҷа ғарқ гардидаст.
Мақомот гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо намудани ҷасади кӯдак идома доранд.
"Сабаби марги кӯдак беэҳтиётии волидайн аст, ки ӯро бе назорат дар як ҳавз гузоштаанд", - гуфт КҲФ-и кишвар.
КҲФ ба волидон хотиррасон кардааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд, бахусус дар наздикии об. Таъкид шудааст, ки қоидаҳои бехатариро дар ҳавзу дарёҳо риоя намоянд. Оббозӣ берун аз майдонҳои муҷаҳҳаз манъ аст ва ба ҳаёт хатар дорад, таъкид намуд КҲФ.
Ин дар ҳолест, ки танҳо дар 6 моҳи соли равон ба хотири риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 84 нафар дар рӯдхонаҳо ва обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 маврид бештар аст.
Дар миёни ғарқшудагон 7 кӯдаки то 4 сола, 15 кӯдаки аз 5 то 10 сола, 24 нафар ноболиғон аз 11 то 16 сола, 27 нафар аз ҷавонон аз 17 то 35 сола ва 11 нафари дигар аз 35 сола боло ғарқшуда ҳастанд.