Ҳушдори Русия ба НАТО дар бораи оқибатҳои нодида гирифтани "хатҳои сурх"

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра иностранных дел России Сергей Рябков, архивное фото
Заместитель министра иностранных дел России Сергей Рябков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
Обуна шудан
Муовини вазири умури хориҷии Русия дар баёнияе сиёсати НАТО дар мавриди нодида гирифтани "хатҳои сурх"-и Русияро хеле хатарнок хонд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия мегӯяд, Сиёсати тахрибкоронаи НАТО дар нодида гирифтани “хатти сурх”-и Русия муқарраркардаи Русия бисёр хатарнок аст.
"Раванди тахрибкоронаи кишварҳои НАТО барои нодида гирифтани хатҳои сурхи мо ва тамдиди муқовимат бо Русия дар Украина, эҷоди мувозинат дар остонаи даргирии мустақими мусаллаҳона, хеле хатарнок аст. Бешубҳа, ин бӯҳронро боз ҳам шадидтар мекунад", - гуфт Рябаков дар мусоҳиба бо "Известия".
Ӯ инчунин хавфи истифодаи яроқи ядроиро нишон дода, қайд кард, ки давлатҳои дорои зарротхонаҳои ҳастаӣ бояд принсипи қабул накардани чангро дар байни худ риоя кунанд.
"Бо ташдиди буҳрон дар Украина, ки ба айби низоми Киев ва тарафдорони ғарбии он ба вуқӯъ пайвастааст, ин паём на танҳо аҳамияти худро аз даст надода, балки муҳимтар шудааст", - афзуд муовини вазири умури хориҷа.
Рябков ҳамчунин қайд кард, ки доктринаи Русия ба таври фарзиявӣ истифода аз силоҳи ҳастаиро танҳо дар посух ба таҷовуз бо истифода аз силоҳи қатли ом алайҳи худи Русия ва муттаҳидонаш ва ё ҳангоми таҳдид ба мавҷудияти ин кишвар иҷозат медиҳад.
Ба ибораи дигар, истифодаи силоҳи ҳастаии Русия танҳо дар посух ба ҳамла - барои дифоъ аз худ дар ҳолатҳои изтирорӣ имконпазир аст.
Президент Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
ВАО: Путин Амрикоро бо силоҳи худаш зарбаи марговар хоҳад зад
Қобили зикр аст, ки рӯзи 24 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як суханронии телевизионӣ аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои дифоъ аз ҷумҳуриҳои Донбасс, ки дар авоили ҳамон ҳафта истиқлолашон расман эътироф шуда буд, хабар дод.
Аз он замон кишварҳои ғарбӣ фишори таҳримҳо алайҳи Русияро афзоиш дода, теъдоде аз бонкҳои Русияро таҳрим карда, теъдоде аз мақомоти баландпояи Русияро ба рӯйхати сиёҳ ворид карданд ва дороиҳои онҳоро дар хориҷи кишвар мунҷамид сохтанд.
Маскав ба таври возеҳ гуфт, ки ҳеҷ гуна нақшаи ишғолӣ надорад ва ҳадаф аз ин амалиёт ҳифзи мардуми осоиштаи Донбасс аз наслкушӣ ва ғайринизомигардониву нозизудоии Украина аст.
Лентаи хабарҳо
0