Футболбози тоҷик гаронтарин легионер дар бошгоҳи эронӣ шуд

© ФФТ РТНападающий душанбинского "Истиклола" Шериддин Бобоев
Нападающий душанбинского Истиклола Шериддин Бобоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
Обуна шудан
Ӯ ҳамакнун пас аз Тоҷикистону Малайзия ва Қазоқистон маҳорати худро дар бошгоҳи эронӣ нишон хоҳад дод, ки дар он ягона легионер ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 22 август — Sputnik. Ҳамлавари тими мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев гаронарзиштарин легионер дар тими наваш гардид.
Бобоев, пас аз тарки "Мактаарал"-и Қазоқистон, ки дар номуаянӣ қарор дошт, билохира ба тими "Нафт"-и Эрон гузашт.
Ӯ бо шумули Ваҳдат Ҳаннонов ("Персиполис") ва Эҳсони Панҷшанбе ("Зубоҳан") сеюмин легионери гаронбаҳо дар ин кишвар шуд.
Арзиши бозорити Бобоев 250 ҳазор евро буда, дар ҳайати умумии тимаш ба қатори 7 бозигари қиматарини даста шомил шуд. Боарзиштарин бозигарони "Нафт" аз 250 то 550 ҳазор евро қимат доранд.
Дар ҳамин ҳол бозигари тоҷик ягона ва қиматарин легиори даста аст.
Бино ба маълумоти портали олмонии Transfermarkt ҳадди ниҳоии қимати бозигар то 275 ҳазор евро аст.
Таджикский футболист Рустам Соиров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
Рустам Соиров барои унвони қаҳрамонӣ дар Эстония мубориза мебарад
Барои Бобоев қаблан тими "Насаф" аз Қашқадарёи Ӯзбекистон талош дошт, аммо гуфтушунидҳо натиҷа надода буданд.
Бозигари 23-сола мавсими гузаштаро дар "Мактаарал"-и Қазоқистон гузаронида, баъди рафтан аз он ҳанмчун агенти озод буд.
Ӯ унвони беҳтарин нишонзани қаҳрамонии Тоҷикистон соли 2018 дар 18-солагияш ба даст овардааст. Худи ҳамон сол бо "Истиқлол"-и Душанбе унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд.
Бозигари умедбахш ҳамчунин тавонист дар чемпионати Малайзия низ ҳунарнамоӣ кунад.
Ӯ аз дар мавсими интиқолҳои зимистонаи соли 2020 аз "Истиқлол" ба "Пенанг", ки дар Суперлигаи Малайзия баромад мекунад, гузариш карда, пас аз анҷоми шартномаи яксола дастаро тарк карда буд.
Лентаи хабарҳо
0