https://sputnik.tj/20220822/afzoish-daromadi-shirkathoi-mobili-dar-tojikiston-1050878117.html
Афзоиши даромади ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон
Афзоиши даромади ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои мобилии хусусии Тоҷикистон зарфи ҳафт моҳи соли ҷорӣ 4,9% даромади бештар гирифтаанд. Даромади операторҳои миллӣ низ зиёд шудааст
2022-08-22T21:00+0500
2022-08-22T21:00+0500
2022-08-22T21:00+0500
дар тоҷикистон
хадамоти алоқа
фоида
иқтисод
ширкатҳои мобилӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/17/1031321742_0:22:1920:1102_1920x0_80_0_0_cfc8e46fb29982f0a179db387d29e9b3.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг - Sputnik. Даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон давоми ҳафт моҳи гузашта ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи кишвар, даромади софи ширкатҳои мобилӣ бештар аз 1,6 миллиард сомонӣ ва ё зиёда аз 155 миллион долларро ташкил медиҳад.Ин нишондиҳандаи даромад нисбат ба ҳамин давраи соли қабли 218 миллон сомонӣ бештар будааст.Ҳамзамон, даромади оператори миллии мухобиротӣ (Тоҷиктелеком), Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи Тоҷик" ва воҳидҳои Хадамоти алоқа 4,9% боло рафтааст.Даромади операторҳои миллӣ 97,7 миллион сомониро ташкил кардааст.Тибқи иттилои манбаъ, ҳиссаи ширкатҳои хусусӣ дар бозори хизматрасонии алоқа 94,4 дарсадро ташкил дод.Маврид ба зикр аст, ки дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкатҳои ҶСП "Индиго Тоҷикистон" (Tcell), ҶСП "ТТ-Мобайл" (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП "Вавилон Мобайл" ва ҶДММ "Таком" (ZetMobile, собиқ Билайн) пештозанд.Бинобар охирин додаҳои ин ниҳод, шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 7,9 млн ададро ташкил медиҳад, ки беш аз 5,4 млн фаъол мебошанд. Теъдоди корбарони интернет дар кишвар 3,5 миллион гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20220816/bunbast-korshinos-charo-internet-tojikiston-1050762099.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/17/1031321742_0:0:1708:1281_1920x0_80_0_0_426e2d7a23504f0f57f03be45b058a60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш даромад ширкат мобилӣ тоҷикистон
афзоиш даромад ширкат мобилӣ тоҷикистон
Афзоиши даромади ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон
Ширкатҳои мобилии хусусии Тоҷикистон зарфи ҳафт моҳи соли ҷорӣ 4,9% даромади бештар гирифтаанд. Даромади операторҳои миллӣ низ зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 22 авг - Sputnik. Даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон давоми ҳафт моҳи гузашта ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи кишвар, даромади софи ширкатҳои мобилӣ бештар аз 1,6 миллиард сомонӣ ва ё зиёда аз 155 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳандаи даромад нисбат ба ҳамин давраи соли қабли 218 миллон сомонӣ бештар будааст.
Ҳамзамон, даромади оператори миллии мухобиротӣ (Тоҷиктелеком), Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи Тоҷик" ва воҳидҳои Хадамоти алоқа 4,9% боло рафтааст.
Даромади операторҳои миллӣ 97,7 миллион сомониро ташкил кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳиссаи ширкатҳои хусусӣ дар бозори хизматрасонии алоқа 94,4 дарсадро ташкил дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкатҳои ҶСП "Индиго Тоҷикистон" (Tcell), ҶСП "ТТ-Мобайл" (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП "Вавилон Мобайл" ва ҶДММ "Таком" (ZetMobile, собиқ Билайн) пештозанд.
Бинобар охирин додаҳои ин ниҳод, шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 7,9 млн ададро ташкил медиҳад, ки беш аз 5,4 млн фаъол мебошанд. Теъдоди корбарони интернет дар кишвар 3,5 миллион гуфта мешавад.