Иштироки Тоҷикистону 32 давлати дигар дар ҳамоиши зиддифашистӣ дар "Армия - 2022"

© Sputnik / patriot-expo.ruАнтифашистский конгресс на "Армии"
Антифашистский конгресс на Армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2022
Обуна шудан
Чорабинии махсус ба иқдоме барои ҳифзи ҳақиқати таърихӣ табдил ёфт - маҳз Иттиҳоди Шӯравӣ дар торумор кардани нозиён дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ саҳми бештар дошт
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар кори Конгресси якуми байналхалқии зиддифашистӣ, ки дар доираи форуми "Армия-2022" барпо гардид, намояндагони 33 мамлакат иштирок карданд.
Дар ин бора сардори Сарраёсати рушди инноватсионии Вазорати мудофиаи Русия генерал-майор Александр Осадчук хабар дод.
Дар байни кишварҳои иштироккунандаи форум, ӯ аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Бангладеш, Беларус, Буркина-Фасо, Бурунди, Гвинеяи экваториалӣ, Ҷибути, Миср, Исроилро ном бурд.
Ҷумҳурии халқии Донетск, Индонезия, Ироқ, Яман, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Кореяи Шимолӣ, Кот-д'Ивуар, Куба, Ҷумҳурии Халқиии Луганск, Малайзия, Мозамбик, Мянмор, Нигерия, Никарагуа, Сербия, Судон, Филиппин, Шри-Ланка ва Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҷумлаи иштирокдорони дигари ҳамоиш гуфта шуданд.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2022
Шойгу: Инзивои Русия татбиқнашаванда мебошад
Ба гуфтаи генерал-майор, дар ин мулоқот ҳайатҳои вазоратҳои дифои 33 кишвар низ кор карданд.
Ҳадафи созмондиҳандагони чорабинӣ муттаҳид кардани кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди идеологияи нозӣ бо тамоми зуҳуроташ эълон карда шуд.
Иштирокдорон ҳамчун мухолифташонро ба сохтакории таърих ва васфи миллатгароӣ баён доштаанд.
Аз ҷумлаи сабабҳои пайдоиши нозигароӣ дар ҷаҳони муосир ва роҳҳои мубориза бо он баррасӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки Анҷумани байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Армия-2022" аз 15 то 21 август дар маркази намоишгоҳи "Патриот"-и вилояти Маскав бо дастгирии созмондиҳандаи ин чорабинӣ – Вазорати дифои Русия баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0