https://sputnik.tj/20220821/chahor-sutuni-iqtisod-rusiya-nom-burda-shud-1050843660.html
Чаҳор сутуни собити иқтисоди Русия ном бурда шуд
Чаҳор сутуни собити иқтисоди Русия ном бурда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Як нашрияи ғарбӣ навиштааст, ки иқтисоди Русия ба чаҳор далел ҳанӯз ҳам таҳти фишорҳои Аврупо ва Ғарб ҳамчунон побарҷо мондааст
2022-08-21T11:46+0500
2022-08-21T11:46+0500
2023-02-08T19:44+0500
дар русия
иқтисод
таҳрим
ғарб
аврупо
фишор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047563490_0:319:3073:2047_1920x0_80_0_0_a5dbab6b8efee9c51bbb2641d7c8c49a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ин мавзуъ, ки иқтисоди Русия дар баробари таъсири таҳримҳои воридшуда тавассути кишварҳои ғарбӣ муқовим аст, моро ба андешидан дар мавриди таъсиргузории иқдомоти маҳдудкунандаи вомедорад, хулоса кардааст Марк Апискупус, сутуннависи маҷаллаи “The National Interest”.Ба гуфтаи ин рӯзноманигор, муваффақияти низоми иқтисодии Русия рӯйи чаҳор омили муҳим устувор аст.Рӯзнома ибтидои иқдомоти бесобиқаи Бонки марказиро ёдоварӣ намудааст. Бонки марказии Русия барои муҳофизат аз рубл дар баробари маҳдудиятҳои молии Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо фавран иқдом кард.Апискупус навишт, ҳамон тавр ки раисҷумҳур Ҷо Байден дар моҳи март ваъда дода буд, рубл суқут накард, балки баръакс арзи миллии Русия имсол ба яке аз қавитарин арзҳои ҷаҳон табдил шудааст .Ба гуфтаи ин таҳлилгар, низоми "воридоти мувозӣ"-и Русия низ нақши муҳиме дар тазъифи таъсири таҳримҳо дошт.Ӯ ёдовар шуд, ки аз шалвори ҷинси "Levi's" гирифта то “Айфон”, маҷмуае аз маҳсулоти умумӣ ва пешрафта ҳанӯз дар марокизи хариди Русия мавҷуданд, агарчи ин тавлидкунандагон дигар мустақиман ба бозори Русия мол арза намекунанд.Коршинос муътақидаст, ки яке аз ҷаддитарин чолишҳои таҳримҳои Ғарб имтинои бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла абарқудратҳо аз мувофиқат бо шароити Вашингтону Брюссел ва имтиноъ аз тамосҳои иқтисодӣ бо Русия аст.Рӯзноманигор мегӯяд, қудратҳои бузурги иқтисоди ҷаҳон на танҳо аз пайвастан ба режими таҳримҳо ба раҳбарии Вашингтон худдорӣ карданд, балки ҳамчунон ба таъмиқи равобити тиҷорӣ ва молии худ бо Маскав идома медиҳанд.Ҳам Ҳинд ва ҳам Чин суръати воридоти энержӣ аз Русияро тайи шаш моҳи гузаштаи сол афзоиш додаанд.Апискупус чаҳорумин далели шикасти системаи таҳримро бадандешии онҳо хонд ва гуфт, иқдомоти маҳдудкунанда бештар аз худи Русия бар кишварҳои аврупоӣ таъсир мегузорад, ки мумкин аст, мунҷар ба парокандашавии эътилоф бар зидди Русия шавад.24 Феврали соли равон Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар як суханронии телевизиюнӣ аз оғози амалиёти низомии вижа барои дифоъ аз ҷумҳуриҳои Донбас ва Луганск, ки дар авоили ҳамон ҳафта расман ба расмият шинохта шуда буданд, эълом кард.Аз он замон кишварҳои ғарбӣ фишори таҳримҳо бар Русияро афзоиш додаанду теъдоде аз бонкҳо Русияро таҳрим карда, теъдоде аз мақомоти аршади Русияро дар листи сиёҳ қарор додаанду дороиҳои онҳоро дар хориҷ аз кишвар масдуд кардаанд.Маскав эълом кард, ки ҳеҷ тарҳи ишғолгарӣ надорад ва ҳадафи ин амалиёт ҳифозат аз ғайринизомиёни Донбасс дар баробари наслкушӣ ва ғайринизомӣ кардану нозизудоӣ дар Украина аст.
https://sputnik.tj/20211201/vazorat-iqtisod-muhojir-rusiya-maosh-1043856096.html
https://sputnik.tj/20220305/korshinos-avrupo-iqtisod-rusiya-1046561292.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047563490_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_9b0e4f90c6ab3e8bd593ac41f8cfd80f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, иқтисод, сутун, устуворӣ, аврупо, ғарб, таҳрим
русия, иқтисод, сутун, устуворӣ, аврупо, ғарб, таҳрим
Чаҳор сутуни собити иқтисоди Русия ном бурда шуд
11:46 21.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Як нашрияи ғарбӣ навиштааст, иқтисоди Русия ба чаҳор далел ҳанӯз ҳам таҳти фишорҳои Аврупо ва Ғарб ҳамчунон побарҷо боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ин мавзуъ, ки иқтисоди Русия дар баробари таъсири таҳримҳои воридшуда тавассути кишварҳои ғарбӣ муқовим аст, моро ба андешидан дар мавриди таъсиргузории иқдомоти маҳдудкунандаи вомедорад, хулоса кардааст Марк Апискупус, сутуннависи маҷаллаи “The National Interest”.
Ба гуфтаи ин рӯзноманигор, муваффақияти низоми иқтисодии Русия рӯйи чаҳор омили муҳим устувор аст.
Рӯзнома ибтидои иқдомоти бесобиқаи Бонки марказиро ёдоварӣ намудааст. Бонки марказии Русия барои муҳофизат аз рубл дар баробари маҳдудиятҳои молии Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо фавран иқдом кард.
Апискупус навишт, ҳамон тавр ки раисҷумҳур Ҷо Байден дар моҳи март ваъда дода буд, рубл суқут накард, балки баръакс арзи миллии Русия имсол ба яке аз қавитарин арзҳои ҷаҳон табдил шудааст .
Ба гуфтаи ин таҳлилгар, низоми "воридоти мувозӣ"-и Русия низ нақши муҳиме дар тазъифи таъсири таҳримҳо дошт.
Ӯ ёдовар шуд, ки аз шалвори ҷинси "Levi's" гирифта то “Айфон”, маҷмуае аз маҳсулоти умумӣ ва пешрафта ҳанӯз дар марокизи хариди Русия мавҷуданд, агарчи ин тавлидкунандагон дигар мустақиман ба бозори Русия мол арза намекунанд.
Коршинос муътақидаст, ки яке аз ҷаддитарин чолишҳои таҳримҳои Ғарб имтинои бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла абарқудратҳо аз мувофиқат бо шароити Вашингтону Брюссел ва имтиноъ аз тамосҳои иқтисодӣ бо Русия аст.
Рӯзноманигор мегӯяд, қудратҳои бузурги иқтисоди ҷаҳон на танҳо аз пайвастан ба режими таҳримҳо ба раҳбарии Вашингтон худдорӣ карданд, балки ҳамчунон ба таъмиқи равобити тиҷорӣ ва молии худ бо Маскав идома медиҳанд.
Ҳам Ҳинд ва ҳам Чин суръати воридоти энержӣ аз Русияро тайи шаш моҳи гузаштаи сол афзоиш додаанд.
Апискупус чаҳорумин далели шикасти системаи таҳримро бадандешии онҳо хонд ва гуфт, иқдомоти маҳдудкунанда бештар аз худи Русия бар кишварҳои аврупоӣ таъсир мегузорад, ки мумкин аст, мунҷар ба парокандашавии эътилоф бар зидди Русия шавад.
24 Феврали соли равон Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар як суханронии телевизиюнӣ аз оғози амалиёти низомии вижа барои дифоъ аз ҷумҳуриҳои Донбас ва Луганск, ки дар авоили ҳамон ҳафта расман ба расмият шинохта шуда буданд, эълом кард.
Аз он замон кишварҳои ғарбӣ фишори таҳримҳо бар Русияро афзоиш додаанду теъдоде аз бонкҳо Русияро таҳрим карда, теъдоде аз мақомоти аршади Русияро дар листи сиёҳ қарор додаанду дороиҳои онҳоро дар хориҷ аз кишвар масдуд кардаанд.
Маскав эълом кард, ки ҳеҷ тарҳи ишғолгарӣ надорад ва ҳадафи ин амалиёт ҳифозат аз ғайринизомиёни Донбасс дар баробари наслкушӣ ва ғайринизомӣ кардану нозизудоӣ дар Украина аст.