https://sputnik.tj/20220820/vaziri-tijorati-tolibon-rusiya-naft-kharidori-1050835920.html
Вазири тиҷорати толибон: Аз Русия нафт харидорӣ мекунем
Вазири тиҷорати толибон: Аз Русия нафт харидорӣ мекунем
Sputnik Тоҷикистон
Вазири санъати толибон гуфт, ки ҳайатҳои фании Афғонистон ва Русия барои ҷузъиёти ақди хариди маводи нафтӣ ва гази моеъ музокироти худрооғоз кардан
2022-08-20T10:50+0500
2022-08-20T10:50+0500
2023-02-08T19:44+0500
афғонистон
харидорӣ
нафт
газ
толибон
музокирот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103097/92/1030979272_0:183:2993:1866_1920x0_80_0_0_7c60ed16e3a8cd4c799e872a47b844d3.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Нуриддин Азизӣ, вазири санъату тиҷорати давлати муваққати толибон дар сафараш ба Маскав бо Павел Сурукин, муовини вазири энержии Русия дидор ва гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Азизӣ дар ин дидор гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозири маводи нафтӣ ва гази моеъ мавриди ниёзи бозорҳои Афғонистон аз кишварҳои ҳамсояи ин кишвар таъмин мешавад.Вазири санъату тиҷорати толибон гуфтааст, ки Афғонистон дар ҷустуҷӯӣ шуракои ҷадиди тиҷории худ дар арсаи нафту газ аст.Вай афзуд, ки Русия метавонад яке аз шуракои ҷадиди маводи нафтӣ ва гази моеъи Афғонистон бошад.Вай изҳор дошт, ки дар поёни ин дидор тасмим гирифта шуд то ҳайатҳои фаннии ду тараф рӯйи ҷузъиёти ақди харидории маводи нафтӣ ва гази моеъи музокиротиро оғоз ва натоиҷи онро барои тасмимгирӣ бо мақомоти ду тараф шарик кунанд.Ёдоварӣ мекунем, ки ҳайати вазорати санъату тиҷорати гуруҳи толибони ахиран вориди Маскав шуд.Як ҳайати тиҷории фиристодашуда аз сӯйи давлати толибон музокиротро бо ҳамтоёни рӯсӣ дар Маскав оғоз хоҳад кард.Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон дар мавриди сафари ин ҳайат гуфта буд, ки тарафи Афғонистон қасд дорад дар бораи арзаи равған, ғаллот ва равғани гули офтобпараст гуфтугӯ кунад.Як манба дар Маскав гуфт, ки ин музокирот то чаҳоршанбе барномарезӣ шудааст ва аз ҷумла дар вазорати кишоварзӣ ва вазорати энержии Русия баргузор хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220818/hanafi-khoki-afghoniston-alayhi-kishvarho-istifoda-1050806434.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103097/92/1030979272_130:0:2861:2048_1920x0_80_0_0_32993b22cb702e78d15663a562cc3a41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, русия, харид, нафт, газ, музокирот, маскав
афғонистон, толибон, русия, харид, нафт, газ, музокирот, маскав
Вазири тиҷорати толибон: Аз Русия нафт харидорӣ мекунем
10:50 20.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Вазири санъати толибон гуфт, ки ҳайатҳои фаннии Афғонистон ва мақомоти Русия барои ҷузъиёти ақди хариди маводи нафтию гази моеъ музокироти худро оғоз кардаанд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Нуриддин Азизӣ, вазири санъату тиҷорати давлати муваққати толибон дар сафараш ба Маскав бо Павел Сурукин, муовини вазири энержии Русия дидор ва гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Азизӣ дар ин дидор гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозири маводи нафтӣ ва гази моеъ мавриди ниёзи бозорҳои Афғонистон аз кишварҳои ҳамсояи ин кишвар таъмин мешавад.
Вазири санъату тиҷорати толибон гуфтааст, ки Афғонистон дар ҷустуҷӯӣ шуракои ҷадиди тиҷории худ дар арсаи нафту газ аст.
Вай афзуд, ки Русия метавонад яке аз шуракои ҷадиди маводи нафтӣ ва гази моеъи Афғонистон бошад.
Вай изҳор дошт, ки дар поёни ин дидор тасмим гирифта шуд то ҳайатҳои фаннии ду тараф рӯйи ҷузъиёти ақди харидории маводи нафтӣ ва гази моеъи музокиротиро оғоз ва натоиҷи онро барои тасмимгирӣ бо мақомоти ду тараф шарик кунанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки ҳайати вазорати санъату тиҷорати гуруҳи толибони ахиран вориди Маскав шуд.
Як ҳайати тиҷории фиристодашуда аз сӯйи давлати толибон музокиротро бо ҳамтоёни рӯсӣ дар Маскав оғоз хоҳад кард.
Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон дар мавриди сафари ин ҳайат гуфта буд, ки тарафи Афғонистон қасд дорад дар бораи арзаи равған, ғаллот ва равғани гули офтобпараст гуфтугӯ кунад.
Як манба дар Маскав гуфт, ки ин музокирот то чаҳоршанбе барномарезӣ шудааст ва аз ҷумла дар вазорати кишоварзӣ ва вазорати энержии Русия баргузор хоҳад шуд.