https://sputnik.tj/20220820/tavaqqufi-loihai-intiqoli-barq-casa-1000--afghoniston-1050842105.html
Таваққуфи лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 дар Афғонистон
Таваққуфи лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Раиси иҷроияи лоиҳаи интиқоли барқ “CASA-1000” Тоҷикистон бо иддаои ошуфта хондани вазъияти Афғонистон эълон кард, ин пружа мутаваққиф шудааст
2022-08-20T20:00+0500
2022-08-20T20:00+0500
2022-08-24T17:19+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
каса/casa -1000
таваққуф
интиқоли барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_0:0:3135:1764_1920x0_80_0_0_a9c4ada1ed018560ad57732dfde93004.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Интизор меравад фазаи поёнии ин пружаи КАСА-1000 соли оянда дар се кишвари дигар ба итмом бирасад, аммо на дар Афғонистон, изҳор доштааст Файзалӣ Самиев, раиси иҷрои пружаи интиқоли барқ CASA-1000-и Тоҷикистон.Гуфта мешавад Бонки ҷаҳонӣ аз яке азтамоюлкунанда ва ҳомиёни калидии ин пружа, тасмим гирифтааст дар ҳоли ҳозир бар соири мавориди зарурӣ дар Афғонистон аз ҷумла “маориф”, “зироат”, “саломат” ва “барномаҳои муҳими хонаводагӣ” тамаркуз кунад .Раиси иҷрои пружаи интиқоли барқи CASA-1000-и Тоҷикистон иброз умедворӣ кард тамосҳое бо тарафи Афғонистон барои иҷрои ин пружа барқарор шавад.Тибқи иттилои расонаҳо Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли тобистони барқи зиёд тавлид мекунанд, аммо дар зимистон бо камбӯди барқ рӯ ба рӯ мешаванд, бинобар ин маҷбуранд нафт ё барқро аз соири кишварҳои минтақа харидорӣ кунанд.Тарҳи пружаи интиқоли барқи CASA-1000, соли 2005 дар конфаронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақа матраҳ шуд ва қарор буд дар соли 2020 маврид баҳрабурдорӣ қарор гирад.Интизор мерафт аз тариқи пружаи CASA 300 мегаватти барқ ба Афғонистон ва 1000 мегаватт барқ ба Покистон мунтақил шавад.Аз тариқи пружаи CASA-1000 барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон мунтақил мешавад.Ин пружа ба арзиши 1,2 миллиард доллар таҳти ҳимояти кишварҳои ғарбӣ қарор дошта, аммо акнун дар мавриди идомаи фаъолияти он тардидҳое ба вуҷӯд омадааст.
https://sputnik.tj/20220422/vazir-tolib-diplomat-osiyoi-markazi-tojikiston-1047863468.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_1c07bf4ecbc2c6a4d0d8f4bcb3a9f7c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, каса-1000, интиқоли барқ, таваққуф
тоҷикистон, афғонистон, каса-1000, интиқоли барқ, таваққуф
Таваққуфи лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 дар Афғонистон
20:00 20.08.2022 (Навсозишуда: 17:19 24.08.2022) Раиси иҷроияи лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000, Тоҷикистон бо иддаои ошуфта хондани вазъияти Афғонистон эълон кард, ин пружа мутаваққиф шудааст
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Интизор меравад фазаи поёнии ин пружаи КАСА-1000 соли оянда дар се кишвари дигар ба итмом бирасад, аммо на дар Афғонистон, изҳор доштааст Файзалӣ Самиев, раиси иҷрои пружаи интиқоли барқ CASA-1000-и Тоҷикистон.
Гуфта мешавад Бонки ҷаҳонӣ аз яке азтамоюлкунанда ва ҳомиёни калидии ин пружа, тасмим гирифтааст дар ҳоли ҳозир бар соири мавориди зарурӣ дар Афғонистон аз ҷумла “маориф”, “зироат”, “саломат” ва “барномаҳои муҳими хонаводагӣ” тамаркуз кунад .
Раиси иҷрои пружаи интиқоли барқи CASA-1000-и Тоҷикистон иброз умедворӣ кард тамосҳое бо тарафи Афғонистон барои иҷрои ин пружа барқарор шавад.
Тибқи иттилои расонаҳо Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли тобистони барқи зиёд тавлид мекунанд, аммо дар зимистон бо камбӯди барқ рӯ ба рӯ мешаванд, бинобар ин маҷбуранд нафт ё барқро аз соири кишварҳои минтақа харидорӣ кунанд.
Тарҳи пружаи интиқоли барқи CASA-1000, соли 2005 дар конфаронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақа матраҳ шуд ва қарор буд дар соли 2020 маврид баҳрабурдорӣ қарор гирад.
Интизор мерафт аз тариқи пружаи CASA 300 мегаватти барқ ба Афғонистон ва 1000 мегаватт барқ ба Покистон мунтақил шавад.
Аз тариқи пружаи CASA-1000 барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон мунтақил мешавад.
Ин пружа ба арзиши 1,2 миллиард доллар таҳти ҳимояти кишварҳои ғарбӣ қарор дошта, аммо акнун дар мавриди идомаи фаъолияти он тардидҳое ба вуҷӯд омадааст.