https://sputnik.tj/20220819/zinai-avvali-tankchiyoni-tojik-musobiqai-biatloni-tankho-1050831259.html
Мақоми аввали танкчиёни тоҷик дар мусобиқаи "Биатлони танкҳо"
Мақоми аввали танкчиёни тоҷик дар мусобиқаи "Биатлони танкҳо"
Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалии низомии "Арми-2022" маҳорати хуб нишон дода, даври дувуми мусобиқаҳо тонкчиёни тоҷик ҷои аввалро ишғол карданд
2022-08-19T20:30+0500
2022-08-19T20:30+0500
2022-08-19T21:01+0500
дар тоҷикистон
танк
низомиён
мусобиқа
даста
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833974_0:170:3037:1878_1920x0_80_0_0_fcd4e20a80f07425cfd7f9ccb98c65a0.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Экипажи танки артиши Тоҷикистон таҳти фармони лейтенанти калон Шарипов Насимҷон дар даври дувуми мусобиқаҳои байналмилалии низомӣ дар тамрингоҳи Алабинои Русия масофаро дар 32 дақиқаву 52 сония тай карда, ҷои якумро ба даст овард.Баъд аз дастаи Тоҷикистон дастаи Осетияи ҷанубӣ (41 дақиқа), Абхозистон (43 дақиқа) ва Судон (51 дақиқа) хати ниҳоиро убур карданд.Ҳайати танкистҳои Тоҷикистон, ки ҳама аз афсарон иборат буд, дар даври дувуми мусобиқаи баййналмилали Бозиҳои низомӣ дар тамрингони Алабинои вилояти Маскав ҷои якумро соҳиб шуд.Ба экипажи таҳти фармони лейтенанти калон Шарипов Насимҷон муяссар шуд, ки масофаи муқарраршударо дар 32 дақиқаву 52 сония тай кунад.Гуфта мешавад, экипажи Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Судан, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон сабқат кардааст. Экипажҳо аз кишварҳои мухталиф дар ин сабқат аз танки русии Т-72Б3 истифода бурдаанд.Марҳалаи аввали сабқат - ҳаракат бо усули "мор” ("змейка”)-ро ҳама бо муваффақият пушти сар карданд, вале дар марҳалаи дувум – тирпарронӣ аз тӯпи танк – бархе аз экипажҳо тирҳоро ба ҳадаф расонда натавонист.Экипажи Тоҷикистон, ки ҳама аз афсарон иборат буд, дар маҷмӯъ вазифаи дар наздаш гузошташударо хуб иҷро карданд.Ёдовар мешавем, рӯзи 13 август дар расми ифтитоҳи Бозиҳои низомӣ дар Алабино вазири дифои Русия Сергей Шойгу низ ширкат дошт. Сабқатҳо байни намояндагони артишҳои 15 кишвар дар маҷмӯъ дар 22 тамрингоҳи низомии артиши Русия доир хоҳанд шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833974_153:0:2884:2048_1920x0_80_0_0_d0d0a3d5d63448f7227763281a87e75f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тонк, бозиҳои низомӣ, биатлони тонкӣ, алабино, дастаи тоҷикистон
тоҷикистон, тонк, бозиҳои низомӣ, биатлони тонкӣ, алабино, дастаи тоҷикистон
Мақоми аввали танкчиёни тоҷик дар мусобиқаи "Биатлони танкҳо"
20:30 19.08.2022 (Навсозишуда: 21:01 19.08.2022) Низомиёни тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалии низомии "Арми-2022" маҳорати худро нишон доданд ва даври дувум танкчиёни тоҷик ҷои аввалро ишғол карданд
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Экипажи танки артиши Тоҷикистон таҳти фармони лейтенанти калон Шарипов Насимҷон дар даври дувуми мусобиқаҳои байналмилалии низомӣ дар тамрингоҳи Алабинои Русия масофаро дар 32 дақиқаву 52 сония тай карда, ҷои якумро ба даст овард.
Баъд аз дастаи Тоҷикистон дастаи Осетияи ҷанубӣ (41 дақиқа), Абхозистон (43 дақиқа) ва Судон (51 дақиқа) хати ниҳоиро убур карданд.
Ҳайати танкистҳои Тоҷикистон, ки ҳама аз афсарон иборат буд, дар даври дувуми мусобиқаи баййналмилали Бозиҳои низомӣ дар тамрингони Алабинои вилояти Маскав ҷои якумро соҳиб шуд.
Ба экипажи таҳти фармони лейтенанти калон Шарипов Насимҷон муяссар шуд, ки масофаи муқарраршударо дар 32 дақиқаву 52 сония тай кунад.
Гуфта мешавад, экипажи Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Судан, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон сабқат кардааст. Экипажҳо аз кишварҳои мухталиф дар ин сабқат аз танки русии Т-72Б3 истифода бурдаанд.
Марҳалаи аввали сабқат - ҳаракат бо усули "мор” ("змейка”)-ро ҳама бо муваффақият пушти сар карданд, вале дар марҳалаи дувум – тирпарронӣ аз тӯпи танк – бархе аз экипажҳо тирҳоро ба ҳадаф расонда натавонист.
Экипажи Тоҷикистон, ки ҳама аз афсарон иборат буд, дар маҷмӯъ вазифаи дар наздаш гузошташударо хуб иҷро карданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 13 август дар расми ифтитоҳи Бозиҳои низомӣ дар Алабино вазири дифои Русия Сергей Шойгу низ ширкат дошт. Сабқатҳо байни намояндагони артишҳои 15 кишвар дар маҷмӯъ дар 22 тамрингоҳи низомии артиши Русия доир хоҳанд шуд.