https://sputnik.tj/20220819/nakhustin-qator-sad-musofir-kulob-rusiya-1050814599.html
Нахустин қатор бо садҳо мусофир аз Кӯлоб ба Русия расид
Нахустин қатор бо садҳо мусофир аз Кӯлоб ба Русия расид
Sputnik Тоҷикистон
Нахустин қатори мусофирбар аз Кӯлоб ба Волгоград расид. Ин нахустин ҳаракати қатори мусофирбар баъди хуруҷи коронавирус миёни Тоҷикистону Русия мебошад
2022-08-19T11:11+0500
2022-08-19T11:11+0500
2022-08-19T21:57+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
мусофир
волгоград
қатор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049366283_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_e807d1374798fa25ad8975611269a2dc.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Қатори ҳомли садҳо мусофир аз Кӯлоб ба шаҳри Волгоград шаби гузашта соати 02:08 бо вақти Маскав расид, хабар дод ТАСС бо такя ба идораи роҳи оҳани Приволжск. Ба иттилои манбаъ, қатори мазкур дар истгоҳи рақами Волгоград-1 қарор гирифта, интизор меравад, ки 19 август соати 12:09 ба Кӯлоб раҳсипор шавад. Вақти расидан ба ин шаҳр 16:45 дақиқа арзёбӣ шудааст. Маврид ба зикр аст, ки баъди танаффуси беш аз дусола соати 00:10-и 16-уми август аввалин қатор аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ба Волгоград раҳсипор шуда буд. Тӯли ин хатсайр беш аз 3,3 ҳазор километрро ташкил дода, муҳлати сафар низ ҳудуди 3 рӯзу 3 соатро фаро мегирад. Қимати билет барои платскарт дар ин масир наздики 1,6 ҳазор сомонӣ ва барои купе ҳудуди 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои сафар дар қатори нахустин ҳамаи чиптаҳо, ки беш аз 600 ададро ташкил медод, фурӯхта шуда буданд. Дар ҳамин ҳол дар назар аст, ки рӯзи 27 август ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Волгоград ва рӯзи 7 сентябр дар самти Хуҷанд - Волгоград оғоз гардад. .Маврид ба зикр аст, ки пас аз хуруҷи коронавирус дар соли 2020-ум ҳаракати қатор миёни Тоҷикистону Русия мутаваққиф шуд.Мусофирон тайи ин муддат танҳо аз роҳи ҳавоӣ метавонистанд, аз Тоҷикистон ба Русия сафар кунанд. Баъдан ҳаракат аз тариқи автобусҳо роҳандозӣ шуд ва акнун ҳаракати қаторҳо дар ин самт эҳё шуд.
https://sputnik.tj/20220620/guseli-qator-musofirbar-dushanbe-toshkand-1049365532.html
волгоград
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/14/1049366283_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_8610d23cf00a1e211c708e442993edc8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қатор, тоҷикистон, русия, расид
қатор, тоҷикистон, русия, расид
Нахустин қатор бо садҳо мусофир аз Кӯлоб ба Русия расид
11:11 19.08.2022 (Навсозишуда: 21:57 19.08.2022) Нахустин қатори мусофирбар аз Кӯлоб ба Волгоград расид. Ин нахустин ҳаракати қатори мусофирбар баъди хуруҷи коронавирус миёни Тоҷикистону Русия мебошад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Қатори ҳомли садҳо мусофир аз Кӯлоб ба шаҳри Волгоград шаби гузашта соати 02:08 бо вақти Маскав расид, хабар дод ТАСС бо такя ба идораи роҳи оҳани Приволжск.
Ба иттилои манбаъ, қатори мазкур дар истгоҳи рақами Волгоград-1 қарор гирифта, интизор меравад, ки 19 август соати 12:09 ба Кӯлоб раҳсипор шавад. Вақти расидан ба ин шаҳр 16:45 дақиқа арзёбӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки баъди танаффуси беш аз дусола соати 00:10-и 16-уми август аввалин қатор аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ба Волгоград раҳсипор шуда буд. Тӯли ин хатсайр беш аз 3,3 ҳазор километрро ташкил дода, муҳлати сафар низ ҳудуди 3 рӯзу 3 соатро фаро мегирад.
Қимати билет барои платскарт дар ин масир наздики 1,6 ҳазор сомонӣ ва барои купе ҳудуди 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои сафар дар қатори нахустин ҳамаи чиптаҳо, ки беш аз 600 ададро ташкил медод, фурӯхта шуда буданд.
Дар ҳамин ҳол дар назар аст, ки рӯзи 27 август ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Волгоград ва рӯзи 7 сентябр дар самти Хуҷанд - Волгоград оғоз гардад. .
Маврид ба зикр аст, ки пас аз хуруҷи коронавирус дар соли 2020-ум ҳаракати қатор миёни Тоҷикистону Русия мутаваққиф шуд.
Мусофирон тайи ин муддат танҳо аз роҳи ҳавоӣ метавонистанд, аз Тоҷикистон ба Русия сафар кунанд. Баъдан ҳаракат аз тариқи автобусҳо роҳандозӣ шуд ва акнун ҳаракати қаторҳо дар ин самт эҳё шуд.